Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
иқтисодӣ хешро дошта, ба онҳо бовар мекунанд ва ҳатто ба онҳо ҳуқуқи аз номашон баромад кардан медиҳанд. Чунин талабот аз роҳбарон ва пешвоён бевосита хештаншиносиро талаб намуда, нигоҳдории пайвастаи мавқеи баланди роҳбарӣ ва ҳокимият вазифаи асосии онҳо мебошад, чунки ҳар як фард, албатта, дар худ ҳунару ақида ва қобилияти навоварию эҷодӣ дошта, кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, ки сарват ва ё зинаи роҳбариеро ба даст орад. Масоили муҳим доимо дар боварии мардум будан аст ва меъёру қоидаҳои рафтори роҳбариеро истифода бояд кард, ки ба асосҳои ҳуқуқии давлати демократӣ ва талаботи афзояндаи ҷамоат мувофиқат намоянд.
Табиатан, новобаста ба хоҳиши мо инкишофи шахсиятҳо ва умуман, инкишофи зеҳнии кормандон аз инкишофи молиявӣ бартарият дошта, ҳатто зиддияти дохилаи инсонро ба вуҷуд меорад. Вақте Шумо як миқдори муайяни сармояро соҳиб мешавед, ба инкишофи маънавии худ камтар диққат дода, чунин андеша менамояд, ки ба воситаи пул ҳама корро ба анҷом расонида мешавад, аммо ин ақида ғалат аст. Шояд дар аввал, каме ба боварии одамон ва ҳокимият соҳиб гардед, аммо бо гузашти муддате, маблағҳои молиявии Шумо дар назди сармояи зеҳнӣ камқувват мегардад ва одами дорои ақидаи пурқуввати зеҳнӣ ба майдони роҳбарӣ омада, бо донишу закавату эҷодкории худ боварии ҷомеаро ба худ қавӣ гардонида, ғалаба ба даст меорад. Ҳатто, агар Шумо диктатураи пурқувватеро ташкил намоед ҳам, ин дар назди қудрати ақлонии навини иноватсионӣ хеле заиф мебошад.
Амалигардонии системаи эволютсионии инноватсионӣ дар асоси ақидаҳои илмӣ ба роҳ монда мешаванд. Бинобар ин, система боз донишу заковати навро талаб менамояд. Барандагон ва ё роҳбарони асосии амалигардонии инноватсионӣ менеҷерон мебошанд, ки онҳо бо ақидаҳои навин пайваста сару кор дошта, гурӯҳи яккачинро аз аҳбори навин таъмин месозанд. Аз ин хотир, барои аҳбори воқеии дуруст ва нигоҳдории маданияти баланди менеҷмент менеҷерон ҳам дар назди гурӯҳи яккачин масъуланд. Пас, маълум мегардад, ки дар навбати аввал, менеҷерон худашон бояд ба зинаи баланди хештаншиносии роҳбарӣ бирасанд, чунки дар ин зинаи роҳбарӣ, ки менеҷер имкони васеи сармоягузорӣ ва ҳокимият пайдо мекунад ва гурӯҳи муайяни яккачинро ба худ ҷалб карда метавонад, шояд, ҳатто ба ришваситонӣ даст занад. Аз ин хотир, гурӯҳи яккачин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ