Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
муайяни ҳаётиро аз сар мегузаронад. Дар навбати худ, ҳар як давра дарони нозукиҳои идоравӣ буда, ҳатман роҳбарии дурандеширо талаб менамояд, чунки дар ҳар як силсила иҷро нагаштани лоиҳа, камбудию норасоӣ ва ё дигар омилҳои субъективӣ метавонад ба миён ояд, ки эҷодкориро пурра барҳам диҳад. Аз ин хотир, роҳбари хештаншиносро зарур аст, ки дар ҳар як нуқтаи амалигардонии ақида ва истеҳсоли молӣ навин вобаста ба зарурият ислоҳ ворид сохта, хароҷоти иловагӣ молиягузорӣ намояд ва умуман нагузорад, ки молӣ зеҳнӣ нобуд гардад.
Одамон одат кардаанд, ки соҳибкорӣ гӯё фақат дар асоси истеҳсоли мол ва гирифтани фоида инкишоф меёбад, аммо намедонанд, ки асоси соҳибкорӣ моликияти зеҳнӣ ва амалигардонии ақидаҳою эҷодкориҳо ва кашфиётҳо мебошад.
Аз ин хотир, стратегияи менеджменти эволютсионии инноватсионӣ бо стратегияи инкишофи худ аз менеджменти оддӣ фарқи калон дошта, дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
- Нигоҳ доштани мавқеи баланди корхона ва самаранокии устувори он.
- Идоракунии ҷараёни истеҳсолии корхона, дар якҷоягӣ бо идоракунии муҳити атроф.
- Омӯзиши доимӣ ва одаткунонӣ ба чунин стратегияи инкишоф.
- Таъмини ҷараёни пайвастаи эҷодкорию навоварӣ дар фаъолият.
- Таъмини инкишофи зеҳнӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ.
Чуноне ки дар мавзӯъҳои пешин қайд кардем, ба фаъолияти менеджменти
корхона таъсири омилҳои беруна ва дохила мушоҳида мешавад, ки онҳо
характери мусбӣ ва манфӣ низ доранд. Махсусан, ҳолатҳои ноороми сиёсӣ ва
идораҳои гуногуни назоратии давлатӣ, ҳизбҳо ва дигар институтҳои давлатию
ҷамъиятӣ метавонанд ба инкишофи менеджмент таъсири худро расонанд, ҳатто
садди роҳи инкишоф гашта, менеджментро барҳам диҳанд. Дар чунин шароити
мураккаб, фақат менеджменти эволютсионӣ метавонад, тобовар бошад ва
пешвоиро нигоҳ дорад. Чунин имконотро менеджмент дар асоси ҷараёни
пайвастаи навоварӣ ва эҷодкориҳо, ки аз сармояи ақлонии кормандони корхона
ба даст овардааст, новобаста аз муҳити беруна метавонад таъмин созад. Ин
реҷаи кори менеджментро ҷараёни доимӣ ва устувори инкишоф меноманд ва он бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ