Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

сатҳи зиндагии мардум оварда расондааст, ки мувофиқи маълумотҳои расмӣ қариб 65,4% мардуми тоҷик имрӯз камбизоат ҳисоб меёбанд.

55.5. Ташкили менеҷменти эволютсионӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ

Менеҷменти эволютсионӣ гуфта, истифодабарии пайдарпайи унсурҳои системи эволютсионии инкишофро барои ба даст овардани сармоя ва ҳокимият меноманд.

Ин назария ва амалияи менеҷменти навин буда, аз ҳисоби инкишофи иқтидории зеҳнии менеҷмент ва эҷодкорию кашфиётҳои дохила ташаккул ёфта, ба афзоиши сармояи зеҳнии корхона нишонгирӣ менамояд. Дар ин марҳила менеҷмент аз рӯи қоидаи инкишофии «Тадқиқот - Истеҳсолот» амал карда, доимо пешвоиро дар бозори моли корхона нигоҳ медорад ва ба рақобат тобовар аст, чунки дигар шахсони ба навоварӣ таваҷҷӯҳ дошта, ҳатто институтҳои илмию тадқиқотӣ ва олимону донишмандони алоҳидаро ба худ ҷалб менамояд.

Самаранокии системи инкишофии менеҷмент аз он вобаста аст, ки менеҷерон худ то чӣ андоза ба ин шакли тараққӣ тайёр ҳастанд ва ба инкишофи зеҳнии кормандон таъсир расонда метавонанд. Дар ин нуқта низ мақоми асосиро рафъи омӯзиш ва одаткунонии кормандон бозида, механизми қавии ташкилии менеҷмент пайдо мегардад, ки аз навовариҳои илмии назариявии роҳбарӣ ва таҷрибаи бевоситаи амалигардонии он ташаккул ёфтааст. Ин ҷараён дар асоси меъёрҳо ва стандартҳои дохилаи корхона, қоидаҳои байналхалқӣ, стандартҳои давлатию соҳавӣ сурат гирифта, менеҷмент иҷозатномаи ба он мувофиқро соҳиб гашта, дар зинаи ҷаҳонӣ амал менамояд.

Бояд гуфт, ки ҷараёни имрӯзаи технологии истеҳсолоти корхонаҳо хеле мураккаб буда, чандин силсиларо дар бар мегирад. Вобаста аз ин нишона, корхонаро ба чор силсила ҷудо кардан мумкин аст: «Лоиҳасозӣ - сохтани намунаи маркетингӣ - истеҳсолӣ моли санҷишӣ - истеҳсолоти пурра». Ҳар як силсила талаботҳои ҳуқуқию меъёрӣ ва маҳсулоти хоси худро дошта, давраи

пешина
аз 463
навбатӣ