Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ривоят менамоянд, ки аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: кадоме аз сарварон аз ҳама зиёд ба ҷустуҷӯи дониш эҳтиёҷ дорад? Луқмон дар ҷавоб гуфтанд: «Сарваре, ки дониши баланд дорад». Боз пурсиданд, ки чаро? Гуфтанд: «Хатое, ки сарварон зоҳир мекунанд, авобаш хеле вазнин аст ва ин масъулиятро танҳо сарваре дарк мекунад, ки дониши баланд дошта, ба зинаи хештаншиносӣ расида бошад».
Аз ин нуқтаҳо бармеояд, ки чунин сарварон донишро дӯст дошта, доимо дар талоши омӯзиш буда, бо парҳезкорӣ аз нодонӣ мекушанд, то хатое дар сарварӣ содир нанамоянд, ки боиси азоби онҳо дар ду сарой бигардад. Албатта, дили ин сарварон аз меҳру муҳаббати илоҳӣ ба дониш пур буда, доимо талоши донишомузиро доранд.
Вобаста аз ин талаботҳо роҳбар метавонад намунаи ибрати дигарон шуда, вазифаи асосии худро дар менеҷмент сарбаландона иҷро намояд.
Бояд гуфт, ки қонунияти дигари вобастагии намуди зоҳирӣ ва дохилаи инсонӣ мавҷуд мебошад, ки аксар маврид якдигарро пурра менамоянд. Сарвари хештаншинос ин мувозинатро доимо нигоҳ дошта, тану ақлу рӯҳи худро дар зинае нигоҳ медорад, ки ба инкишофи якдигар халал нарасонанд. Аз ин хотир, нигоҳ доштани андоза дар ҳама ҳолат ва фаъолиятҳо нишонаи дигари хештаншиносии касбии роҳбарӣ мебошад. Ӯ набояд ба яке аз фаъолиятҳои касбӣ диққати бисёр дода, асабу тан ва чашми хешро хароб созад, чунки ҳар як узви бадан имконот ва қобилияти хешро дошта, агар яке аз ин узвҳо хаста ва ё бемор гардад, дигар узвҳоро хастаю бемор сохта, қобилияти кори шуморо паст мегардонад.
Сарвари хештаншинос доимо диққатро ба он равона месозад, ки дорои саломатии хуб ва боқувват бошад. Аз ин ҷо, дар хӯрок хӯрдан ва нӯшидан андозаро доимо бояд нигоҳ дорад. Андоза то ҳамон миқдоре, ки барои саломатӣ зарур ва барои самаранок ташкил намудани фаъолияти роҳбарӣ кифоя мебошад. Мувофиқи ақидаи табиби бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино инсон бояд аз се як ҳиссаи шиками худро барои хӯрок, аз се як ҳиссаашро барои нӯшидан ва аз се як ҳиссаашро барои нафасгирӣ ҷудо намояд.
Тозагии баданро доимо нигоҳ доштан нишонаи дигари хештаншиносии роҳбарӣ ба ҳисоб рафта, бадан бояд доимо тоза бошад ва аз ӯ фақат бӯи атриёт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё