Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

берун ояд. Оббозӣ ва тоза нигоҳ доштани бадан ҳамчун фаъолияти ҳаррӯзаи роҳбарӣ бояд қарор гирад. Бояд қайд кард, ки ҳатто дар замони хеш пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфта буданд, касе ки пиёз ва ё сирпиёз мехӯрад, набояд ба масҷиди мо наздик ояд, чунки фариштаҳо низ мисли одамон аз ин бӯи ғализ азоб мекашанд. Чунин талабот нисбат ба либос низ дида мешуд. Роҳбари хештаншинос ҳеҷ гоҳ набояд бо либоси нотоза ба назди зердастони хеш ва ё назди мардум барояд. Зарур аст, ки либоси корӣ ва истироҳатию вохӯриҳоро фарқ намоем. Махсусан, дар вақти вохӯриҳо ва рӯзҳои интихоби либосу ранги он нишонаи зарурии хештаншиносии роҳбарӣ мебошад, ки мо онро дар қисми якуми китоби менеҷмент хеле муфассал гуфта гузаштаем. Ҳатто, дар хештаншиносии роҳбарӣ таъкид карда мешавад, ки дар вақти вохӯрӣ ва ё салом кардан ба роҳбари хештаншинос бояд муддати дароз бӯи халоватбахши атриёти ӯ дар димоғи мусоҳиб бимонад ва дар дили ӯ як меҳре пайдо гардад. Вобаста аз пиндору гуфтору рафтор, тарзи либоспӯшӣ ва симои зоҳирӣ роҳбари хештаншинос бояд чунон тозаю озода бошад, ки дар ҳама ҷо ӯро фарқ карда тавонанд ва зердастон аз ӯ ибрат гиранд. Либоси бесаранҷом ва номувофиқ метавонад самаранокии фаъолияти шуморо коста карда, зердастон ба намуди зоҳириатон нигоҳ карда, ба суханатон он қадар диққат надиҳанд, яъне тозагии зоҳирӣ ва либоси шинаму озода нишонаи хештаншиносии роҳбарӣ буда, ӯро ҳамчун холи лаби ёр доимо ҷудо карда меистад.

Ривоят мекунанд, ки дар замони подшоҳии худ вақте Луқмони Ҳаким аз кӯча мегузаштанд, ҳама ҳис мекарданд, ки аз ин роҳ Луқмон гузаштааст, чунки соатҳои дароз бӯи хуши атриёти вай дар кӯча боқӣ мемонд.

Имчунин, мӯи сару риш бояд доимо тоза ва ба низом бошад, то намуди зоҳирии сарварро нишон дода тавонад. Махсусан, вақте ба назди кормандон ва ё мардум мебароед, ҳатман ба мӯи сар ва риши худ як назар афкандан зарур мебошад. Дар назар бояд дошт, ки дар дили роҳбари хештаншинос заррае ғурури ҳавобаландӣ бояд вуҷуд надошта бошад.

Зебоӣ ва зебопарастӣ бошад, нишони асосии ин гуна роҳбарон мегардад, дар назар аст ҳам зебоии зоҳирӣ ва ҳам зебоии ботинӣ. Зеботии ботинии сарвар мураккабу мушкилфаҳм буда, ҳамчун ҳолатҳо пурра айён мебошад, аммо сарвари хештаншинос бояд доимо дар талоши он бошад, ки барои кормандон ва атрофиён

пешина
аз 463
навбатӣ