Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
назди онҳо ӯҳдадор ва вазифадори ҳурмату эҳтиром шуморида, доимо ба он кӯшиш меоваранд, ки онҳоро гӯш кунад ва аз дили онҳо бохабар гардад.
Эҳтироми падару модар, зану фарзандро доштан ва ҳалиму ғамхор будан ба онҳо нишонаи муҳими хештаншиносии сарварӣ буда, дар навбати хеш ҳамчун нерӯи ғизодиҳандаи фаъолияти сарварӣ хизмат менамояд. Сарвари хештаншинос дар оила ва қавму хешу табору ҳамсояҳо низ намуна буда, доимо дастгиру мададгори онҳо бояд бошад. Дар натиҷаи намунавӣ будани ӯ ҷамоат аз ӯ ибрат гирифта, рафтори хешро ба он мувофиқ мегардонад ва ҷамоаи солимро дар макони зисти сарвар ба вуҷуд оварда, инкишофи иҷтимоиро таъмин месозад.
Дар ин ҷода низ бояд дӯстдорӣ ва ҷудо кардани вақт барои расидан ба дили онҳо, таъмини тарбияи фарзанду зан ва ҳамсоя шарти зарурӣ мебошад. Сарвар бикӯшад, ки фарзанди некро тарбия карда, ба воя расонад, то ӯ давомдиҳандаи кори падару модар гашта, ба халқу миллат ва ватани хеш хизмати шоёнеро анҷом дода тавонад.
Нишонаи дигари расидан ба хештаншиносии сарварӣ донистан ва эҳтироми маданияти миллист. Ҳар як сарвари хештаншинос вазифадор мебошад, ки маданияти миллиро эҳтиром намояд ва ҳамчун қонунияти хештаншиносӣ қабул карда ҳифз ва инкишоф диҳад. Маданияти миллӣ сарчашмаи ақлоние мебошад ва огоҳӣ доштани сарвари хештаншинос аз ин ганҷинаи бебаҳои инсонӣ имкон медиҳад, ки роҳбар ба зинаҳои баланди сарварӣ расида, ҳокимиятдории хешро муддати зиёд нигоҳ дорад.
Нишонаи муҳим ва мураккабу пурганҷи хештаншиносии сарварӣ эҳтиром, донистан ва инкишоф додани дину оини миллӣ мебошад. Ҳар як сарвари хештаншинос бояд аз дину оини миллати хеш бохабар буда, дар ривоҷу равнақ ва ҳифзу эҳтироми он мақоми худро гузошта, пайваста ба он кӯшиш дошта бошад, ки талаботҳои диниро риоя намуда, худ намуна бошад, чунки дин ягона таълимоте мебошад, ки инсонро фақат ва фақат ба роҳи дуруст ҳидоят ва тозагию покии дилу ҷонро талаб менамояд. Риояи қонуниятҳои динӣ, гиромӣ доштани он ва намояндагони дин нишонаи бузурги хештаншиносии сарварӣ мебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва дигар нишонаҳои хештаншиносӣ дастгирӣ ва ташкили давлати миллӣ низ мақоми арзанда дошта, имкон медиҳад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё