Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
фаъолияти сарварӣ самаранок амалӣ гашта, рушди босубот дошта бошад. Аз ин хотир, дар ташаккули хештаншиносӣ давлати миллӣ заминаи фаъолият баромад намуда, макони расидан ба ин ҳадафҳои воло мебошад.
Инсоният ҷузъи пайвастаи табиат буда, тамоми фаъолияти хешро ба он мувофиқ кунонида, кору фаъолият менамояд. Сарвари хештаншинос низ бояд табиатро ҳамчун заминаи асосии расидан ба ҳадафҳои худ қарор дода, доимо баҳри нигоҳдории мувозинати устувори экологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ҳаракат намояд, вагарна номувозинатии фаъолияти инсонӣ бо табиат ба ҳодисаҳои мудҳише оварда мерасонад, ки ақли инсонӣ онро тасаввур карда наметавонад.
Аз ин ҷо, нишони эҳтироми муҳити зисти экологӣ, истифодаи хирадмандонаи сарватҳои табиӣ нишони басо муҳими хештаншиносӣ буда, донишу малакаи баланди сарвариро талаб менамояд.
Ниҳоят, нишони ҷамъбастӣ ва ояндабинии хештаншиносии сарварӣ, ин дар мувофиқа ба инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонии имрӯза мебошад. Акнун инкишофи башарӣ ва иқтисодию илмию техникӣ чунин суръат ва зинаи баландро соҳиб гаштааст, ки дигар монеаҳои гумрукии хушкию баҳрӣ ва осмонӣ намондааст ва ҳама халқу миллатҳои дунё ба ҳам як пайвастагии чуқури илмию амалӣ, техникию иқтисодӣ ва башариро соҳиб гаштаанд. Мавқеи баланд пайдо кардани сарвари хештаншинос дар ин шароити ҷаҳонишавии фаъолияти башарӣ нишони дигари хештаншиносӣ буда, мавқеи фаъолияти ӯро хеле баланд ва васеъ мегардонад. Аз ин хотир, донистани хусусиятҳои хоси инкишофи иқтисодии замони муосир, донистани забон, маданият ва урфу одати халқу миллатҳои дигар қисми таркибии хештаншиносии сарварӣ дар замони муосир мебошад.
51.4. Хештаншиносии роҳбарӣ дар муносибат бо
кормандон ва ҷомеа
Яке аз талаботҳои хештаншиносии роҳбарӣ, шахсияти фаъоли кормандони
корхона ва ҷамъият будани сарвар мебошад. Ҳокимият, вазифа ва ӯҳдадориҳое,
ки ба ӯ вобаста карда шудааст, ӯро водор месозанд, ки чунин фаъол бошад. Бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё