Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Пайваста бо шахсони донишманд ҳамнишаст буда, нисбат ба пирону олимон эҳтироми баланд доштан;

  2. Доимо дар талоши манфиат овардан ба ҷамъият буда, кори хубро дастгирӣ ва қадршиносӣ кардан;

  3. Ишқи баланди илоҳӣ ва боварии комилро дар худ ва дигарон тарбия намудан.

Ҳақиқатпарастӣ ва ростқавлӣ дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолият ва муносибатҳои сарвари хештаншинос раванди асосии этикетӣ мебошад ва ӯ медонад, ки ҳақиқат ва ростӣ калиди ҳамаи муваффақиятҳост. Аз тарафи дигар, ин раванд ба ӯ роҳи ба мақсадрасиро ҳидоят намуда, ӯ аз ҳама гуна хатарҳо эмин аст. Ҳақиқатпарасту ростқавл будан яке аз нишонаҳои асосии покӣ буда, дилу рӯҳи сарварро доимо тоза нигоҳ медорад.

Сарваре, ки ин зинаро соҳиб мегардад, фиребгарию дурӯғгӯӣ ва дурӯябозию ноустувориро сахт маҳкум намуда, худро доимо аз ин гуна одамон ва ин гуна одамони нопокро аз худ дур месозад. Махсусан, дар фаъолияти сарварӣ, фурӯши молҳо ва хизматрасонӣ, на бояд кормандон ва истеъмолкунандагонро фиреб дод.

Фиреб доданро дар шаш ҳолат метавон муайян кард:

  1. Дар ҳолате, ки ба корманд бовар мекунеду ӯ фиребгарӣ менамояд;

  2. Фиребгарӣ дар ҳолате, ки маълумотеро ба роҳбар пешниҳод менамояд;

  3. Фиребгарӣ дар ҳолате, ки ваъда медиҳаду иҷро намекунад;

  4. Хиёнат кардан дар ҳолатҳои ногувори сарварӣ.

  5. Шуморо аз ҳад зиёд таъриф мекунанд.

  6. Хабаркашӣ ва хушомадгӯӣ.

Аз тарафи дигар, бо роҳи фиреб ба харидор пешниҳод намудани моли ташкилот ва бо ин роҳ маблағи зиёд рӯёнданро сарвари хештаншинос маҳкум намуда, доимо тозагии молро нигоҳ медорад. Сарвар, ки дигаронро аз худ дида бештар эҳтиром менамояд, намегузорад, ки дар ҳаққи касе ноадолатӣ ҷой дошта бошад, махсусан дар вақти додани ҳаққи меҳнат ва маблағи иловагие ситонидан аз мизоҷон ба ивази мол. Ӯ доимо дар кӯшиши нигоҳдории боварии одамон ба худ ва ташкилоти хешро дошта, ҳеҷ гоҳ ба фиребгарии кормандону мизоҷон роҳ намедиҳад ва фақат моли тоза мефурӯшад.

пешина
аз 463
навбатӣ