Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кормандон ва ҷомеа доимо муносибат ва муомилаи хуб намуда, ба онҳо чизе дода, аз онҳо чизеро барои инкишофи сарварӣ гирифта тавонад.

Сарвар бо роҳи пурра расидан ба зинаи хештаншиносӣ ва ҷорӣ намудани ин хислатҳо дар ҳокимиятдории хеш, сифатҳои баландро соҳиб мешавад, ки барои ҷамъият ӯ низ ҳамчун шахсияти муҳими ҷамъиятӣ шинохта шуда, соҳиби обрӯю эҳтиром мегардад. Ба ин васила, хештаншиносӣ мазмуни иҷтимоии касб карда, пурра дар ҷомеа обутоб меёбад ва одамон вобаста аз ин системаи муносибатҳои касбӣ ва ҷамъиятии худро созмон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ меъёрҳои маданияти коллективи корхона, маданияти миллӣ ва давлати миллиро ташкил менамоянд. Асосҳои фалсафию назариявии ин неъмати бебаҳои ҷамъиятиро, ки донишмандони миллати тоҷик дар гузаштаю имрӯза гуфта, асарҳои бебаҳо эҷод намудаанд, мо дар китоби 4 мухтасар гуфта гузаштаем.

Дар ҳақиқат, сарвари ба зинаи хештаншиносӣ расида, дорои хислатҳои бузурги инсоншиносӣ буда, дар ҷамъият мавқеи баландро соҳиб гашта, як муҳити селиму самараноки иҷтимоию иқтисодиро ташкил менамояд. Ҳамин тавр, барои ҳар як фаъолияташ дар назди ақлу виҷдони худ ҳисобот дода, пайваста дилу рӯҳи худро аз кинаю бадӣ пок сохта, худро ҳамчун шахси мӯътабари ҷамъият нигоҳ медорад.

Ҳамон сарваре ба зинаи хештаншиносӣ расида метавонад, ки фақат ва фақат дар дили ӯ қонуниятҳо ва нишонаҳои хештаншиносӣ ҷой гирифта бошанд. Чунин талабот ӯро доимо дар ҳамон баландии қулла нигоҳ медорад.

Асоси иҷтимоию маданияти нигоҳ доштани сарвар дар зинаи баланди хештаншиносӣ бечунучаро ва пайваста иҷро кардани талаботҳои иҷтимоии рафторӣ ва муносибатҳо дар фаъолияти корӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Этикети расмии сарвари хештаншинос аз мардуми оддӣ қуллан фарқ карда, аслан аз равандҳои зайл иборат мебошанд:

  1. Ҳақиқатпарастӣ ва ростгӯию ростқавлӣ;
  2. Муносибати ҷиддӣ доштан ба тамоми фаъолият ва дур будан аз ҳама гуна фиребгарӣ, кинаю адоват;
  3. Ба одамон ғамхор, кушодарӯй, ҳалим, бахшояндаю меҳрубон будан;
  4. Бо камсуханию нигоҳдории сирри роҳбарӣ, аз дигарон фарқ кардан;
пешина
аз 463
навбатӣ