Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҳисобу китоб намуда, дурбинона назар афканда, баъдан ба кормандон ва атрофиён онро эълон намояд. Иҷрои ин раванд ба инкишофи худи сарвар асос шуда, ҳатто чӣ тавр ба қуллаҳои баланд расидани худро ҳис намекунад. Ин гуна сарварон онҳое мебошанд, ки ба гуфтаи худ пурра боварӣ дошта, аз мушкилию ҳолатҳои ногувори сарварӣ наметарсанд. Донишмандию хирадмандии онҳо ба зинае расидааст, ки доимо қарори сарварии пухта қабул намуда, тамоми паҳлӯҳои онро медонанд ва пайваста назорат доранд, яъне аллакай ҳамчун уқоби баландпарвозе гаштаанд, ки атрофро пурра дар зери нигоҳи зираку тезу тозаи хеш қарор додаанд.

Ҳамин тариқ, ваъдаи сарвари хештаншинос на сухани хушку холӣ, балки ӯҳдадории бузурге мебошад, ки сарвар барои иҷрои он ҳамеша саъю кӯшиш ба харҷ дода, ҳалли мусбии онро дар ҳама ҳолатҳо вазифаи муқаддаси хеш мешуморад. Бояд бидонем, ки агар мо нисбати ваъда ва сухани худ ба кормандону атрофиён устувор набошем, дар онҳо ҳисси нобоварӣ ва бадбинӣ пайдо карда, ҳатто аз мо рӯй гардониданашон эҳтимол дорад.

Вафо накардан ба ваъда дар хештаншиносии роҳбарӣ як шакли ҳавобаландию худнишондиҳии сарварӣ ва қонунвайронкунии этикӣ муаррифӣ гашта, аҳдшиканиро баробари фиребгарию ғоратгарӣ мешуморанд, ки тамоми дигар арзишҳои беҳтарини хештаншиносии сарвариро ба ғори бетаги хеш фурӯ мебарад. Ин ҳақиқати талх бояд ҳар замон дар гӯши сарварону роҳбарон садо дода истад.

Сарвари хештаншинос доимо ба фақирию ҳалимии хеш аз дигарон фарқ карда, дар фаъолияти роҳбариаш пайваста ин меъёрҳоро сармашқи кор менамояд ва аз рӯи гуфтаю кардаи шахсиятҳои бузурги таърихию донишмандону олимон амал карда, мувозинатро доимо нигоҳ медорад.

Ривоят мекунанд, ки шахси зиёда аз 10 сол зердасти Луқмони Ҳаким буда менависанд, ки дар ин муддат ман боре асабонӣ шудани Луқмонро надидаам. Кадом кореро ки иҷро намекардам, маротибае напурсидааст, ки барои чӣ ин тавр кардӣ? ва ё «беҳтараш ин хел мекардӣ!» гуфта, ба ман амр накардааст.

Ин нишони он аст, ки Луқмони Ҳаким ягон вақт фармон ва ё қарори сарварие қабул накардааст, ки боиси малоли зердастон гардад ва ё

пешина
аз 463
навбатӣ