Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иҷронашаванда бошад. Аз ин хотир, сарвари хештаншинос бояд накӯкору некрафтор буда, қарори пухта ва навине қабул намояд, то зердастон аз ӯ ибрат гирифта, чунин рафтор намоянд. Рафтори намуна ва баланди этикӣ, қабули қарори роҳбарӣ ва ташкили иҷрои он аз тарафи коллектив ва ҷомеаи атроф раванди дигари хештаншиносӣ мебошад. Таъмини самаранокии иҷрои ҳатмии қарор аз тарафи тамоми коллектив шарти зарурӣ ҳисоб меёбад.

Маҳз, бонарии комил ва инкишофи баланди инсониро дар ҷомеаи инкишофёфтаи илмию фарҳангӣ метавон ноил гашт. Ҳидояти коллектив ба илму фарҳанг ва некию накӯкорӣ дар мисоли хеш, ҳамчун рафтори намунавии сарварӣ баҳо дода мешавад.

Ахлоқи намунавии сарвар идеали аксари зердастон ва атрофиён гашта, онҳо аз услуб ва тарзи пиндору гуфтори сарвар дар фаъолияти касбӣ ва кору фаъолияташон дар ҷамъият истифода мекунанд. Бояд гуфт, ки ахлоқи намунавӣ ба беҳтаршавии некӯаҳволии одамон оварда, умри одамиро дароз ва онро хушу гуворо менамояд. Чуноне, ки бузургони тоҷик мефармоянд:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст
В-ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Аз ин хотир, сарвари хештаншинос доимо дар талоши он бошад, ки ахлоқи намунавиро соҳиб гашта, умри худро хуш ва дароз намояд, чунки инсон худ мӯъҷизаи беҳтарин мебошад ва бояд волотарин хислатро доро бошад. Мавҷуд будани ақл дар вуҷуди инсон нишонаи олии беҳтарини ӯ буда, ин хислатро дигар мавҷудоти рӯи заминӣ надорад. Мебояд, ки инсон тамоми он хислатҳои ахлоқие, ки ӯро пок сохта, зебо мегардонанду ба қуллаҳои баланди инсонӣ мерасонанд, дошта бошад. Ин хислатҳо ҷо аз худ карда, сарвари хештаншинос намунаи ибрати дигарон гардида, аз рафтори ғайр худи ӯ шарм медорад. Шарм доштан аз рафтори нодуруст, низ яке аз равандҳои хештаншиносии сарварӣ буда, масъулиятнокии ӯро боз ҳам баланд мебардорад.

Ҳисси шарм доштан аз Худованди пок, аз худ, аз кормандону ҷомеа ва падару модару зану фарзанд, дар баробари дигар масъулиятҳои баланди хештаншиносии роҳбарӣ қарор дошта, намегузоранд, ки Шумо новобаста аз макону замон ба ягон рафтори ношоям даст занед. Асоси зиндаю ҳақиқии шармро виҷдон ташкил мекунад, ки барои ҳар як сарвар бояд поку тоза бошад.

То чӣ андоза виҷдони пок доштани сарварро дараҷаи шарм доштани ӯ аз кору фаъолияти ғайриахлоқӣ ва риояи пурраи меъёрҳои ахлоқӣ ташкил менамояд.

Сабру тоқат ва ҳалимию накӯкорӣ ба зердастон ва ҷамъият аз равандҳои дигари расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ буда, сифатҳои бузурге мебошанд, ки садҳо маротиба самаранокии сарвариро баланд бардошта, роҳбарро доимо дар роҳи дуруст нигоҳ медоранд. Чунин талабот бояд доимо дар сарвар нигоҳ дошта шуда, новобаста аз вазъият ва муҳити одамони бадҳоҳ, ин сифати баландро набояд аз даст дод. Пуртоқату пурсабр будан дар сарвар имкон медиҳад, ки Шумо сангро ба обшудан маҷбур созед, бо нигоҳи нек ба ҳодисаҳои роҳбарӣ ва умуман, рафтори одамон имкон пайдо мекунед, ки қаҳру ғазабро аз худ дур сохта, ба мақсади нек худ бирасед. Вазифаи муқаддаси сарвари хештаншинос осон ва сабук гардонидани масоили мардум ва хушбахтгардонии онҳо мебошад, на ба мушкилӣ равона кардан ва ё варта тела додани онҳо. Аз ин хотир, сарвари хештаншинос доимо шӯълаи ҷавлондиҳандаи хушбахтӣ буда, барои дигарон ҳамчун равшанкунанда ва гармидиҳанда хизмат мерасонад. Ин ҳидояти онро дорад, ки сарварон пайваста аз дагалию беадолатӣ ва хунукназарию роҳи нодуруст даст кашида, мақому мартабаи баланди худро соҳиб гарданд. Агар сарвар дар ташкилот хоҳиши пешравӣ ва инкишофи босуботро дошта бошад, вай ҳеҷ гоҳ ба дагалию дуруштӣ ва оташафрӯзӣ роҳ надода, ғамхору меҳрубону ҳалим мебошад. Бояд қайд кард, ки оташ дар навбати аввал шахсони сабукфикр ва тунуксириштро сӯзонда, нобуд месозад.

Боиси зикр аст, ки на фақат пардезкории хеш, балки ҳидояти дигарон низ бо роҳ надодан ба ноқисиҳои дар боло қайд шуда, вазифаи муқаддаси сарвари хештаншинос буда, марому мартабаи ӯро хеле баланд мебардорад.

Ғамхору меҳрубон будан ба зердастон ва атрофиён раванди дигари хештаншиносии сарварӣ буда, ҳатто ин хислатро ӯ на фақат ба одамон, балки ба олами растанӣ ва ҳайвонот низ бояд дошта бошад. Дар назар бояд дошт, ки касе ба Шумо ғамхорию меҳрубонӣ намекунад, то худатон чунин хислатро надошта бошед, чуноне ки мо дар боби 44-уми ҳамин китоб аз рисолаҳои донишмандони тоҷик мисолҳои зиёдеро бароятон овардаем.

пешина
аз 463
навбатӣ