Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сарварӣ ин гуна рафтор бегона мебошад. Аз ин хотир, дар камбудиҳо ва норасоиҳои инкишофи хеш касеро низ гунаҳгор ҳисоб накарда, баҳонаҷӯӣ намекунад. Вазъиятро пурра ва боадолотона омӯхта, баҳо дода, худ боз аз паи мақсадҳои волои хеш мегардад. Дар навбати худ, сарвари хештаншинос набояд гунаҳгореро тарафдорӣ намуда, ӯро аз ҷазо эмин гузорад. Аз тарафи дигар, паҳн кардани ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ нисбати шахсони поквичдону донишманду хирадманд гуноҳи азим дар ҳарду ҷаҳон буда, ба роҳбари хештаншинос умуман хос нест. Бояд гуфт, ки касе чунин овозаҳои бардурӯғӣ тӯҳмат паҳн менамояд, кудаш ҳамчун гунаҳгори асосӣ ҳисобида мешавад. Аз ин хотир, сарвари хештаншинос дар менеҷмент бояд доимо кӯшиш кунад, ки хато ва нофаҳмиҳои кормандонро хирадмандона ислоҳ намуда, сирри менеҷменти ташкилоташро пинҳон нигоҳ дорад.

Қадршиносӣ ва эҳтироми кормандону мутахассисон эҳтироми касбии сарвари хештаншинос дар менеҷмент мебошад. Дар назар бояд дошт, ки корманди сустнаъм ва танбалро бо роҳи гуноҳҷӯӣ ва танқид беҳтар кардан хеле мушкил аст. Баръакс бо роҳи намуна будан, дӯстдорӣ ва кӯмак бо усули пайдо намудани шароити хуби корӣ ӯро тарбия кардан қулайтар аст, чуноне ки мо инро дар мавзӯъҳои хиради роҳбарӣ гуфта гузаштаем. Аз паи ҷустуҷӯи гуноҳу хатои якдигар будан ва тӯҳмату бӯҳтонҳо дар ҳаққи якдигар паҳн кардан дар роҳбарӣ хатои азим ва хатарнок аст, ки оқибат ба паст шудани шарафи роҳбарият ва аз байн рафтани худи менеҷменти корхона оварда мерасонад.

Сарвари хештаншинос доимо дар ҷустуҷӯи фикрҳо ва қарорҳои солиму некхоҳона буда, дар рафтори кормандони хеш ва атрофиён фақат хислатҳои некро ҷустуҷӯ намуда, онҳоро ривоҷу равнақ медиҳад, то рафтори носолим кам гардад. Сухани дурӯғ гуфтан ва аз касе гумонбар шудан, ба касе хандидан ва масхара кардан, ҳавобаландию ғайбат кардани шахси ғоиб низ ба сарвари хештаншинос хос нест. Вай ба ҷамъият бояд фақат ва фақат бо нияти нек ва назари нек нигарад ва Худо хоҳад ҳатман некиро дарёфт менамояд.

Сарвари хештаншинос бояд доимо дар ҷустуҷӯи беҳтар кардани кору бори хеш буда, ба кори дигарон ва масоили бегона даст назанад. Дар инкишофи касби хеш ва фаъолияти сарварии хеш омода буда, набояд ки касе ё қарореро нимкора карда, боз ба корею касбе чашм ало карда, оқибат дар нимароҳ бимонад. Аз ин хотир, хуб мебуд, ки дар фаъолияти касбӣ соҳаи борикеро ривоҷу равнақ дода, онро ба зинаҳои баланди ташаккулӣ бурда расонем, яъне фармону қарори сарварӣ фақат ва фақат ба касбу кори хеш вобастагӣ дошта бошад.

Ба чор тараф хароҷоти беҳудаи маблағ накарда сарфкорӣ кардан низ усули рафтори хештаншиноси сарварӣ мебошад. Сарвари хештаншинос қарори хароҷоти маблағро фақат дар асоси нишондиҳандаҳои илмии ҳисобу китоби манфиатдор равона карда, барои истифодаи мақсаднок ва самараноки ҳар як сомонӣ ҷавобгар буда, масъулияти асосиро бар дӯши хеш мегирад. Барои амалӣ гардондани мақсадҳои неки худ пайваста ба донишмандону мутахассисон ва олимону пирони рӯзгордида мулоқот карда, баъдан қарори роҳбарӣ қабул менамояд. Машварат бо ин гуна шахсиятҳо усули кордонии сарвари хештаншинос буда, ӯро ба ҳақиқат наздик месозад ва дар иҷрои қарорҳои хеш устуворӣ нишон дода, бо боварии калон аз паи иҷрои мақсад мегардад.

Чуноне ки Саъдии бузургвор мефармоянд:
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хорам, ки ҷастам.

Аслан, донишмандон монандӣ кони тилло ва нуқра буда, барои мардум боигарӣ ва хушбахтиҳои зиёдеро барпо месозанд.

Ривоят мекунанд, ки вақте пайғомбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) аз дунё гузаштанд, Ҳазрати Абу Бакр ва Умар ба назди Умм Айман (Расули Худо ӯро модар хонда буданд) рафта, ӯро дар ҳолати гиря диданд. Пурсиданд, магар барои дӯстдори Худованд мегирянд. Зан дар ҷавоб гуфт: «Не, ман на барои ӯ мегирям, ки инро намефаҳмам, балкӣ барои он мегирям, ки дигар касе пайғоми Ҳақтаолоро ба Замин расонида наметавонад». Вуҷуди ёрони Худо аз ин сухан ба ларза омада, онҳо низ гиристанд.

Маҳз бо шарофати пайғомбарон, шахсони бузургу олимону донишмандон боварии одамон мустаҳкам гардида, рӯҳу тани онҳо қувват мегирад. Оид ба шарофати бузургворони Тоҷикистон мо дар қисми 4-уми китоб гуфта гузаштаем.

Мақсади асосии сарвари хештаншинос низ расонидани кӯмак ба ҷамъият, инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳар чӣ зиёдтар ба мардум хизмат расонида, мушкилӣ ва азоби онҳоро сабук гардонад,

пешина
аз 463
навбатӣ