Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
52.1. Ҷараёни пайдоиш ва ташаккули нерӯи
хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент
Дар роҳи пайдоиш ва ташаккули хештаншиносӣ мақоми арзандаро қарори роҳбарӣ, ки асосашро хирадмандӣ ва кордонии касбии сарвар ташкил медиҳанд, мебозад, агар аз ҷумлаи ҳазорҳо ва садҳо имкониятҳою захираҳо беҳтаринашро ҷудо карда тавонад. Барои он ки роҳбар чунин қудратро дошта бошад, бояд худ якчанд давраҳо ва донишҳое, ки қисме аз онҳоро мо дар қисми 1, 2, 3 ва 4-уми китоби Менеҷмент гуфта гузаштаем, аз худ намояд.
Баъд аз он ҳар як сарвар қобилияте пайдо мекунад, ки диққатро ба як нуқтаи асосии масоил равона сохта, нуқтаҳои нозуки касбии онро омӯхта, бо мақсади идеалии худ мувофиқ мегардонад. Дар натиҷа, асрори масоилро аз нигоҳи касбӣ кашф ва онҳоро бо дигар ҳодисаҳои зиндагӣ муқоиса карда, боз асрори наверо ба худ пайдо месозад. Ана ҳамин нуқта бояд нерӯи асосии масъалагузории сарвар ва роҳи ягонаи расидан ба хештаншиносӣ гардад.
Чунин ҷараёни масъалаҷӯии роҳбарро ба ҳақиқати ҳол наздик ва бо як қатор сирру асрори навини касбӣ ошно намуда, оҳиста - оҳиста қувваи бузургеро дар ӯ пайдо месозад, ки онро нерӯи хештаншиносии роҳбарӣ меноманд. Ин қувваи бузургро пайдо карда, роҳбари хештаншинос ба шоҳрори асрори дунёвӣ дохил ва аз аксарият қонуниятҳои одамию оламӣ бархӯрддор мегардад. Бояд гуфт, ки муттафаккирони бузурги миллати тоҷик пайваста таъкид менамоянд, ки ҳангоми банақшагирии қарори муҳими роҳбарӣ ҳар як сарварро зарур мебошад, масоилро хеле чуқур ва ҳаматарафа, қисм ба қисм ҷудо карда омӯзад. Муқоиса ба таҷрибаи гузашта намуда, бо олимону донишмандони соҳа машварат орояд ва баъдан қарори пухтаи роҳбарӣ қабул намояд. Агар қарорро аз қаду бар, баландию пастӣ, вазну таркиб, зебоюю зарурӣ, камхарҷию самаранокӣ, навину эҷодӣ, ҳаловатбарандагию диққатҷалбкунандагӣ, некию ростӣ, покию ҳалолӣ ва ғайра назар афканем, дар ҳақиқат роҳи дурустро интихоб карда метавонем.
Маҳз, ҳаракатҳое, ки барои ба ин роҳ расидан дида мешаванд, аз ҷумлаи
нерӯдиҳандаи роҳбарӣ буда, дар роҳи ҷустуҷӯ боз якчанд асрори навини
зиндагиро ошкор месозад. Ҳаракати доимӣ ба ин ҷониб, рӯй овардан ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё