Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ҳаракати роҳбар боз қувваи навини тамомнашавандаро пайдо месозад, ки дигаронро доимо сӯйи худ даъват менамоянд. Аз асарҳои таърихшиноси бузурги рус Л. Гумилев маълум мегардад, ки инсоният аз аввали пайдоиши хеш дар назди сарчашмаҳои обӣ, қад — қади дарёҳо ва дар наздикии баҳрҳою ҳавзҳои калон маскан гирифта, кору зиндагӣ мекарданд, яъне инсоният табиатан дар дилу вучудаш хоҳиши ба об наздик зиндагонӣ карданро дорад.
Маълум мегардад, ки нигоҳдории тозагии дилу вучуд, талаботи табиии инсоният мебошад. Барои нигоҳ доштани чунин мувозинат доимо дар кадом ҳолате ки набошад, мо бояд озодаю тоза нафас гирифта, диламонро пок намуда, чашмамонро ба тарафи рӯшноӣ, гӯшамонро ба тарафи овоз, диққатамонро ба чизи зарурӣ равона созем. Дар натиҷа, тозагии дилро пайдо карда, оромона, диққати кулли узвҳои организмро ба як нуқта равона сохта, такаяҳои хештаншиносии роҳбарии хешро ёфта мегирем, ки дар ҳама ҳолат ба мо кӯмак мерасонад. Агар дар ҳақиқат чунин ягонагиро пайдо созем, он гоҳ он нуқтаи такагоҳро ёфтаем.
Чунин қонунияти ягонагӣ ва пайвастагиро дар тамоми ҳодисаҳо ва ҳолатҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар вақти пайдо кардани ақидаи нав дар роҳбарӣ доимо диққати мукаммалӣ ва пайвастагии онро бояд дид. Дар хотир бояд дошт, ки тамоми мавҷудоти олам дар ҳаракат буда, доимо тағйироту навигариҳо ва қувваҳои нав тавлид мешавад. Бинобар ин, мо набояд дар нуқтае ақидаеро дошта истему ба он баҳои баланд дода, солҳои дароз такрору ба такрор хоҳем, ки аз он самар бубинем. Дар як муддати кӯтоҳ худатон ҳис менамоед, ки иҷрои ин мақсад мушкилтар шудан мегирад. Ин нишонаи он аст, ки аллакай, ақида, усул ва талаботҳои роҳбарии Шумо каме кӯҳна шудаанд ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯй намебошанд. Агар Шумо ин қонуниятро инкор карда, аз мавқеи баланди сарварии хеш истифода намоед, хато буда, оқибат ба нобудшавии ҳокимиятатон оварда мерасонад. Доимо ҳикмати хирадмандонаи миллати тоҷикро аз ёд набароред: «Ҳама чизу ҳама кор гузаранда аст», «Умри одамӣ гузаранда аст», «Аз одамӣ фақат номи неку кори нек мемонад».
Маҳз, чунин қонуният моро маҷбур месозад, ки ҳамчун сарвар ба ҳодисаҳо ва ҳолатҳо назари стратегӣ дошта бошем, яъне алоқамандии самараноки воситаҳоро фақат дар асоси ташкили дурусти бо ҳам алоқаманди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё