АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Баъди ин муддат ман меравам. Боқӣ ихтиёр Шуморост. Дар амони Худо бошед…»
Сорбони Ҳомид. 3 – август соати 10 – 36 дақиқа.
Ин чӣ шўрест ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам…
Дар ниҳоди ҷавонзан садо дод каломи Ҳофиз ва беихтиёр даст ба калиди дар бурда онро тоб дода ба тарафи хеш кашид.
Сорбони Ҳомид дигар интизори таклиф нашуда, пой бар остонаи хона гузошт. Ў ба тарафи соҳибхона, ки вуҷуашонро ларза зер карда буд ва бо дастони ларзонаш он қоғази «ҷонбахшро» медошт нигариста гуфт:
– Ҳар чӣ, ки дар ин саҳфаи тоза нақш бастааст ҳақ асту рост ва аз мақсади ташрифи хешу ниятҳои нопои Муллоев ўро бори дигар огоҳ сохт.
– Ҳеҷ бовар намекунам.
– Ин танҳо бар зарари худи Шумост.
Ва соҳибхона садоеро аз ҷайби милисионер шунида баҳси хешро бо вай ба гўшаи фаромўшӣ дода гўш ба қимор шуд…
– Марказ ман дуюм ба алоқа бароед.
–Дуюм ман марказ Шуморо гўш мекунам
–Марказ ман дуюм, дақиқае пештар объект аз бинои Пажўҳишгоҳ берун омада, роҳи истгоҳро ки автомашинаашро соате пештар он ҷо монда буд, пеш гирифт.
– Дуюм, назоратро аз қафои объект ба дўши шумо месупорам.
– Марказ, ман дуюм, назорати минбаъдаи объектро ба дўши хеш мегирам.
– Сеюм, ман Марказ ба алоқа бароед.
Сорбони Ҳомид мухобираро аз ҷайбаш бароварда тугмачаеро зер намуда гуфт.
– Марказ, ман сеюм, шуморо гўш мекунам.
– Сеюм ман, Марказ аз натиҷаи кори хеш дарак диҳед.
– Хўш, чӣ гўям ба онҳо? Шумо бо мо ҳамкорӣ карданӣ ҳастед ё не? – ба тарафи соҳибхона нигариста гуфт милисионер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё