Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба ақрабаки соати болои дар чашм дўхт: То вохўрӣ боз чор дақиқа монда буд. Дарро маҳкам карда, боз ба назди тиреза рафт ва чашм ба роҳ дўхт.
Дар берун кўдакҳо бозӣ доштанд…
Ҳарчанд мехост худро ором намояд, вале ин кор ҳеҷ муяссараш намешуд. Аз қаҳру ғазаб вуҷудаш меларзид.
Гўшҳояш “оташ” гирифта буданд. Дар дигар ҳолат мешуд мегуфт, ки кадом бадгўе дар ҳақаш сухани носазо гуфта истодааст, вале ҳоло парвои ҳеҷ гуна ғайбатро ҳам надошт.
Танҳо симои Расул, ки то ин вақт дар назараш чун симои Юсуф буд, пеши чашмаш меомад.
… Бори аввал дар хона Расулро баъди чанд рўзи аз курорт омадан, соати 7 – 40 дақиқаи субҳ, ҳамагӣ баъди даҳ дақиқа аз назди хонааш рафтани автомашинаи хизматии шавҳар, ки ба Расул рақами онро дода буд, қабул кард. Шавҳарро ба кор гусел намуда, сари субҳ вақте ки Фирўзҷон дар хоби ноз буд, ба оғўши марди бегона даромад…
Ана натиҷааш. Оне ки ба хотири ў шуда ба шавҳар хиёнат кард, қасди ҷонаш дорад…
Милисионер ба ў ваъда дод, ки агар амалиёт бобарор анҷом гирад ва ў ваъда диҳад, ки минбаъд шаъни оиларо пос медорад, сирраш пўшида хоҳад монд.
«Кўр як бор асояшро гум мекунад, ба қавле ман аз он нобиноёне ҳастам, ки ду бор ба асои хеш лағад задам ва агар фикри милисаҳо тасдиқ шавад, то ҷон дар рамақ дорам, дигар орзуи ишқи бегонаро дар сар ҷой нахоҳам дод… Аҷиб чаро ў қасди ҷони ҳамкораш кардааст? Бубин, боз дар ҷанозааш ҳам иштирок кардааст. Бо кадом рў? Шояд дар ҷанозаи ман ҳам иштирок намояд? Ба гумон аст. Охир касе ҳам боре моро ҳамроҳ надидааст ва ҳеҷ гоҳ ў дигар ёди ман нахоҳад кард. Ба ҷанозаи Боқиев бошад, рафтани ў шарт буд, то ба чашми ҳамкорон хок пошад, ки бубинед ман ҳам ғамшарикам…» – бо худ мегуфт Нигор…

пешина
аз 408
навбатӣ