Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў баробари ба автомашина нишастан шишачаи «дорруро»
ки баҳри маъшуқа пас аз ташхиси аниқ гирифта буд, аз сандуқчаи пеши пассажир гирифта ба ҷайб зад. Дирўз ба воситаи як шиносаш онро аз стансияи санитарию – эпидемологӣ ба даст овард. Ҳарчанд дар шакли тоза додани он мамнўъ аст, вале шиносаш ўро дар назди калонашон олим муаррифӣ кард ва бечора сарвари стансияи санитарию эпидимологӣ ба ҳурмати ин олими «шоиста» ба хилофи дастурамали идорааш бист грамм доруи марги мўш дод ва чӣ тавр тайёр намудани онро ҳам фаҳмонда дод.
Ў ба идора баргашта ба пораи себ каме дору пошида баҳри мушаке ки баъзан дар утоқи кориаш ҷастухез мекард гузошт ва ин субҳ баробари ба кор омадан ҷисми беҷони мушакро дид.
Маълул мешавад ки сарвари станияи сантарию – эпидимологӣ беҳуда ўро огоҳ накардааст.
Акнун ҳамин доруи сиёҳчатоб метавонад ўро аз ҷазо озод намояд. Ў ҳама тарафи корро то охир ба нақша гирифта буд ва баҳри ин ба худ як шиша «Кокакола» ки ҳамеша Нигор нўшидани онро баъди коняк хуш дошт бо худ гирифт. Доруро бошад ба қутии пласмасии хурде, ки болояш «Валидол»
навишта шуда буд ҷо кард. Сипас, пештар вақте ки автомашинаро ба истгоҳ овард ў «Валидол» – ро аз ҷайбаш гирифта, ба сандуқчаи автомашина гузошт ва ҳоло бошад баръакс.
Мисли кушодан ва ҷамъ овардани қисмҳои автомат…
Аз оинаи дохилӣ ба қафои автомашина хеле чашм дўхт, вале хатареро ҳис накард ва моторро ба кор дароварда ба роҳ баромад. Танҳо баъди як километр дар рў ба рўйи кинотеатри «Зебунисо» автомашинаи «ВАЗ – 2106», ки дар рўйхати гурўҳи амалкунандаи милиса ҳамчун чорум муаррифӣ мешуд, ўро қабул намуда, аз қафояш ба ҳаракат даромад…
Муллоев радиои автомашинаро ба кор даровард, ки диктор аз абёти Лоиқ Шералӣ порчаҳо қироат мекард:

Авали ишқ аввали дунёст,
Охири ишқ охири дунёст…

пешина
аз 408
навбатӣ