АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ё тавба, борҳо аз забони ҳамкорон шунидааст, ки бо девони ғазалёти Ҳофиз мардум хешро фол мебинанд…
Ў ҳамоно радиоро хомўш кард. Таъбаш хира шуд. Наход дунёи ў низ ба поён расида бошад. Охир ў бо доруи дар ҷайбаш буда тавлиди дигарро орзу дорад. Мехоҳад бар гузашта салавот гўяд. Фақат сараш амон бошад шуд. Мансабе ҳам дигар барояш лозим нест. Маъшуқа бошад ёфт мешавад. Сари зулфи Нигор нашуд сари зулфи дигаре…
Як квартал пештар аз хонаи Нигор автомашинаро боздошта берун омад. Дар ин бора гурўҳи Чорум, ки то кунун назорати ўро ба дўш дошт, ба сарвари амалиёт, ё худ Сеюм хабар дод.
– Аз автомашина дур наравед, объектро бошад гурўҳи Якум ба зери ҳимояи хеш гирад, – амр намуд Сеюм.
Гурўҳи Якум, ки тайи ду шабонарўзи охир васигии Бурҳоноваро ба дўш дошт, ба сари роҳи калоне ки ба тарафи хонаи Бурҳонова тоб мехўрд баромада, сарпарастии Муллоевро аз рўйи нишонаҳои лаҳзае пештар додаи гурўҳи Чорум ба дўши худ гирифт. Маҳз халтаи селофание, ки дар он расми Мона Лиза аксбардорӣ шуда буд, ўро ба васиён «муаррифӣ» намуд.
Муллоев то рафт ба бино наздик мешуд ва гурўҳи сеюм (Сорбони Ҳомид ҳамроҳи сержанти милиса Алимов)то вориди бино шудан ўро ба зери назорат гирифта, радиои дохили автомашинаро ки дар ҳолати қабул қарор дошт боз ба кор дароварда интизори суҳбати эшон шуданд…
Соат 11 – 06 дақиқаро нишон медод. Ҳамагӣ 13 дақиқа пеш Алимов гуфтугўйи шефро бо Бурҳонова гўш карда автомашинаро дар мавқеъи дурустар, ки мавҷро қабул намуд, нигоҳ дошт. Ҳоло бошад тугмачае дар гиребони куртаи Бурҳонова қарор дорад ва ў ҳимоячиёнашро дар ҳама ҳолат ба ёрӣ даъват карда метавонад.
Нигор аз тиреза омадани Расулро дид. Агар ҳамон дастури
додаи милиса намешуд, ин Чикатиллои навбаромадро бо табар
«пешвоз» мегирифт. Акнун ў низ чун ҳар як фарди ҷомеа бояд
дар кушодани ҷинояти мудҳише ба милиса ёрӣ дода, қарзи шаҳрвандии хешро дар назди ҷамъият иҷро мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё