Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бале. Шумо чӣ андеша доред? Оё Ковалёва метавонист, ки дар ин бора ба дугонааш хабар надиҳад.
– Фикр мекунед, ки ин ҷо дар зери коса нимкосае ҳаст?
– Барои чунин фикр ман ягон асос надорам, вале вақте мактуби Ковалёваро гирифта, ба ҷузвгирам мондам рангу рўйи Света тағйир ёфт. Сараввал хоҳиш кард, ки мактубашро диҳам, гуфтам, ки бояд то овардани расмҳо онро ба Ёров нишон диҳам ва чун расмҳоро гирифтам, ў боз мактубро талаб кард, ки аз дугонааш ба ёдгор мондааст. Дар навбати худ пурсидам, ки оё мактубҳои дигари дугонаашро наовард, гуфт, ки онҳоро наёфтааст. Ман вонамуд сохтам, ки ба ў бовар кардам ва ваъда додам, ки чун сардор ба мактуб шинос шуд, онро бармегардонам. Вақте ки Света баромада рафт, ман навиштаҷоти болои расми Ковалёва ва мактубро аз назар гузаронидам. Барои дигаргуниеро дар ҳарду ҳусни хат ёфтан ташхисгари хатшинос будан шарт нест.
– Расму мактубро бо худ овардаед?
– Бале, – гуфт Акбаршоҳ чор дона расм ва мактуби Света овардаро боз аз ҷузъгираш гирифта, назди муфаттиш гузошт.
Аҳмад Шарифӣ расмҳоро аз назар гузаронида, сипас навиштаҷоти болои яке аз расмҳоро бо навиштаҷоти мактуб муқоиса намуд. Сипас, аз ғаладони мизи кориаш пурбинеро ки ҳафт маротиба ҳарфҳоро калонтар нишон медод, бароварда, аз нав саргарми муқоисаи ҳарфҳо шуд. Акбаршоҳ аз фурсат истифода бурда, ба навбатдори ШКД занг зада, дар куҷо буданашро хабар дод ва хоҳиш кард, ки агар ягон кас ба суроғаш ояд навбатдор ба ў занг занад…
Ниҳоят Аҳмад Шарифӣ пурбинро болои мизи кориаш гузошта, гуфт, ки бе таъин намудани ташхиси хатшиносӣ чизе гуфта наметавонад.
– Акбаршоҳ чаро Шумо ба тафтишот намегузаред?
– Ман умуман дар тафтишот кор кардагӣ нестам ва ба гумон аст, ки аз ўҳдаи ин кор бароям.
– Хоксорӣ мекунед.
– Бешўхӣ мегўям. Барои муфаттиши ҳақиқӣ шудан аз курсии донишҷўӣ рост ба тафтишот рафтан лозим буд.
– Чаро ба прокуратура нарафтед?

пешина
аз 408
навбатӣ