АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Чунки аз хурдӣ нони милисаро хурдаам ва касби қиблагоҳам ҳамеша мояи ифтихори ман буд, ҳаст ва мемонад.
– Кош, ҳама чун Шумо ба касби хеш чунин дилбастагӣ медоштанд.
– Агар мо қотилро дастгир накунем, мардум чӣ мегўянд, охир ин хабар то ба Украина ҳам меравад. Дар ин тарозу на танҳо обурўйи милисаю прокуратура, балки обурўйи Ҷумҳурӣ гузошта шудааст.
– Бале. Боз як– ду рўз сабр кардан лозим, чун хешу ақрабои Ковалёва биёянд, бисёр ҳолатҳои кор ошкор хоҳанд шуд. То он вақт ҳар қадами Светаро ба зери назорат гирифтан лозим меояд. Ба фикри ман ҳам ташхисгари хатшинос корро бе дастрас намудани нусхаи аслии хати Ковалёва нахоҳад дид, ҳарчанд ман ҳам ба ақидаи шумо розиам, вале мо ҳуқуқи хулоса баровардан надорем, чунки мутахассис нестем…
– Майлатон, дар бораи назорат аз қафои Света ман бо Ёров гуфтугў менамоям ва агар розӣ шавад аз пайи иҷрои он мешавам.
– Чаро розӣ намешудааст?
– Чунки вай сардор ва барои ҳар як хатои мо ҷавобгар аст.
Аз ин рў то ман ба ў гунаҳкории Светаро исбот накунам, ў ба чунин амал розӣ нахоҳад шуд.
– Шояд ман бо Ёров гуфтугў намоям.
– Лозим нест, ман худам…
... 9 …
Ҳарчанд ў ба бинои вокзали роҳи оҳан наздик мешуд, ҳамон қадар тапиши дилашро зиёдтар ҳис мекард.
Агар Худо мадад намояду бахт ба рўяш хандад, аз эҳтимол дур нест, ки миллионер шавад.
– Нафси бадро ҳар чӣ сераш мекунад.
Дар гуноҳ кардан далераш мекунад,
– хонда буд дар куҷое ва дигар ба дурустии ин суханон шаку шубҳае надошт.
Ба ҳамааш Ирина худаш гунаҳкор…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё