Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ирина даст бардошта таксиеро манъ кард ва чун ба таксӣ нишастанд амр кард:
– Ба вокзали роҳи оҳан.
– Чӣ дар он ҷо ягон чизро фаромўш намудед?
– Не, як касро бояд бинам.
– Он кас омадани шуморо медонад?
– На ин ки медонад, ҳатто бесаброна интизор аст.
– Саид?
– Не.
– Пас ў аз куҷо медонад?
– Эй Света, Светаҷон маълум мешавад, ки то ҳоло ҳам хомӣ. Саид ба ин корҳои ман ҳатто огоҳӣ надорад. Ў фикр мекунад, ки ботини ман низ ҳамчун зоҳирам зебост. Вале ман ҳам фаришта нестам. Зиндагӣ одамро ба ҳар роҳ мебарад.
Лаънати Худо ба он рўзе, ки Саид маро бо он ҳамшаҳраш шинос кард…
– Марҳамат вокзал…
Ирина бо ронанда ҳисобӣ кард ва ҳарду фаромаданд. Онҳо паҳлуи ҳам дар як курсӣ хеле нишастанд, вале касе ба наздашон наомад…
– Ту ҳамин ҷо шин ман ҳозир меоям, – гуфт Ирина ва аз ҷой бархеста халтаи селофаниро ҳам ҳамроҳаш гирифта, ба тарафи даромадгоҳи вокзал рафт.
– Эй бача!
– Маро мегўед?
– Ҳа, шуморо.
– Хуш хизмат, – гўён писарбачаи 14– 15 бо аробачааш, ки шояд ягона манбаи рўзгузарониаш буд, ба наздаш ҳозир шуд.
– Ана, инро гиру аз қафои ҳамон зане, ки ҳамроҳи ман ҳаминҷо менишаст назорат бар, – гўён ба дасти писарбача яксўмаеро гузошт.
– Шумо аробаро назорат намоед, – гуфт писарбача ва ба тарафи вокзал давид…
Он ҳашт дақиқаи интизорӣ барояш аз қарн ҳам дарозтар намуд…
Ниҳоят писарбача аз бинои вокзал берун омада хабар дод, ки он зан бо касе вонахўрд, фақат ҳамон халтаи селофаниашро ба боҷхонаи автомати рақами 117 гузошт. Ў боз як яксўмаи дигарро ба дасти писарбача дода, ба ў раҳмат гуфт.

пешина
аз 408
навбатӣ