Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Писарбача аробаашро тела дода, барои дарёфти ризқу рўзиаш ба тарафи истгоҳ рафт…
... 13 …

Ҳарчанд ў саводи қазоӣ надошт, вале аз кураи обу оташи зиндагӣ гузашта буд ва сафедро аз сиёҳ фарқ мекард. Ароба манбаи ягонаи рўзгузарониаш буд ва тамоми шаб аз пеши ойинаи нилгун дур намешуд. Ин ягона воситаи истироҳаташ буд. Аслан тамошои филмҳои дедективиро дўст медошт ва ҳеҷ гумон надошт, ки рўзе ў ҳам шоҳиди бевоситаи чунин ҳодиса мегардад. Вақте ки аз барномаи «Ахбор» расми он зани ношиносро нишон доданд, ҳамоно ўро шинохт ва хост худи субҳи фардояш ба милиса равад ва агар мерафт эҳтимол дугонаи мақтулро медид… Тайи ду рўз ўро як фикр ором намегузошт: аз куҷо он занро дарёбад… Ў чанд бор азми ба милиса рафтан кард, вале боз аз райъаш гашт. Аз милиса фоидае нест. Беҳтараш он занро, ки бароям ду сўм дода буд, ҷустан лозим. Аз чӣ бошад, ки филми ҳиндӣ «Хомўш буда наметавонад»– ро ба ёд овард. Ў ба ёд овард, ки барои як расм суратгир бо роҳи шантаж чи қадар пул ба даст овард. Аз ҳамин дида роҳи беҳтаре нест. Ў маҷбур аст, ки барои хомўш истоданам, ба ман пул диҳад ва на як бору ду бор…
Бо ҳамин фикру хаёл ў дар наздикии вокзали роҳи оҳан аробаро тела дода, ризқи ҳаррўзаашро пайдо мекард ва аз мусофирон чашм намеканд, рафту…

... 14 …

Лаҳзае пас аз бинои вокзал Ирина баромада наздаш омад.
– Халтаатро фаромўш кардед?
– Онро дар боҷхона мондам, бори вазнин чӣ лозим?
– Акнун ба куҷо равем?
– Ҳар ҷо ки дилат хоҳад, – гуфт Ирина.
– Ин ҷо ту меҳмон, хоҳиши меҳмон аз ҳама болост.
– Набошад, биё ба тарабхонаи «Душанбе» равем.
– Ҳоло барвақт.
– Набошад ба қаҳвахонааш медароем.

пешина
аз 408
навбатӣ