Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман дар назди кӣ ҳисобот доданамро худам медонам,– паст наомад Ёров.
– Ин хел бошад маро беҳуда даъват кардаед, – гўён Аҳмад Шарифӣ аз утоқи кори Ёров баромад…

... 22 …

– Шумо кӣ?
– Ой, ой, ой, – хандида гуфт писарбача.
Света аз лаҳзаи аввал писарбачаро шинохт, вале худро ба нодонӣ зад. Агар аз ин ҷо барвақттар мерафтам ин «сагбача»
маро намедид.
– Дафъ шав аз назарам?
– Ба боғи Дўстӣ, ба он ҷойе, ки дугонаатро бурдӣ худат рав, ман бошам ба милиса меравам. Ё, ана, он амаки милисионеро ҷеғ занаму шуморо шиносонам? – Ҳа!
– Лозим не, чӣ мехоҳӣ?
– Ана, ин гапи дигар, – калонгарона гуфт писарбача.
– Дар ин бора дар хонаат гап мезанем.
– Ман туро ба хонаам бурда наметавонам, он ҷо шавҳарам.
Ў туро ҳамроҳи ман бинад, чӣ гумон мекунад.
– Агар дугонаатро ба ҷаҳанам намефиристодӣ, ҳеҷ гумон намекард ё шояд якҷоя.
– Беҳуда налақ.
– Ман талабамро гуфтам, агар нахоҳӣ, ихтиёрат. Эй амаки…
– Даматро гир. Биё, рафтем,– ноилоҷ гуфт Света.
Писарбача аз қафои ў ба роҳ даромад.
«Эй худо, худаш чӣ гап», – аз дил гузаронд Светлана.
«Амалҳоро ҷазоҳо дар камин аст.
Сазои он ки ту кардӣ ҳамин аст», – нидо омад аз қалбаш.
Ҳарду то истгоҳ рафтанд ва ба тролейбус нишастанд.
Албатта, Светлана Андреевна имконияти аз ин писарбачаи шилқин халос шудан дошт, вале ин баробари оне буд, ки худро бо дасти худ ба маҳкама диҳад. Ягона халосиро ў дар нест кардани ин шоҳиди хурдсол медид.
Светлана ба курсие нишаста, сар ба зер афканд.

пешина
аз 408
навбатӣ