Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фикре ба сараш заду арақи сард вуҷудашро фаро гирифт.
Рафту ягон каси дигар низ ноайён аз қафояш моро назорат карда истода бошад чӣ? Албатта, ҳамин хел аст. Набошад ин сағираи шилқин, ки ҳанўз биниашро пок карда наметавонад, шантажро аз куҷо донад?
Баъди ду истгоҳ пиразане, ки дар паҳлўи ў менишаст аз тролейбус фаромад.
– Биё шин.
– Писарбача дар паҳлўи ў нишаст.
– Номат чист?
– Валӣ.
Номи шумо?
– Валя, Валентина Ивановна, – дурўғ гуфт ў. Медони чӣ, Валиҷон, ин корат нағз не.
– Чӣ хел?– сухани ўро бурид Валӣ.
– Охир агар шавҳарам маро ҳамроҳи ту бинад гумонҳои бад карданаш мумкин, ба замми ин вай варзишгар аст.
– Оид ба варзиши сабук, – хандида гуфт Валӣ.
– Ҳар хеле набошад, ў туро зада маюб мекунад, мефаҳмӣ?
Мўйсафеде вориди тролейбус шуда ба тарафашон омад, писарбача аз ҷой бархоста ба ў ҷой дод ва муколамаи онҳо нотамом монд.
«Чӣ хел бо боварӣ сухан меронад, аз афташ ягон кас аз қафояш ҳаст», – аз дил гузаронид Света ва ҳарчанд ў мардуми дохили тролейбусро аз назар гузаронд, вале чизеро нафаҳмид.
«Чӣ бояд кард? Шояд ҳамин ҷо фарояму илоҷе карда аз ин сагбача халос шавам, аз дил гузаронд ў. Не, ў ҳамон лаҳза ба милиса меравад ва аз рўйи нишонаҳоям соате пас маро дастгир мекунанд. Ҳамааш айби худам шуд. Умуман ба милиса рафтан лозим набуд, ба замми ин он хатчаи лаънатӣ. Рафту ба ў пул диҳам чӣ?»
Бо ин фикру хаёл ў аз ҷой бархоста, ба тарафи дари мобайн рафт. Чун тролейбус истод, ҳарду аз он берун омаданд.
– Гўш кун Валиҷон, ана, ин даҳ доларро гиру маро ба ҳоли худ мон, – гўён ў даҳ доллари дар сумкачааш бударо бароварда ба дасти писарбача дод.
– Ин кам аст, – гуфт Валӣ.

пешина
аз 408
навбатӣ