Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ду соат Расулзода мактуби Маркази иттилоотиро бо имзои Қосимӣ гирифта, ба Гулистон баргашт.
Дувоздаҳ сол қабл аз болои як гурўҳ кормандони артели заршўйи «Сароб» воқеъ дар қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд буд. Расулзода ҳар як варақи парвандаи ҷиноиро аз бойгонӣ бо диққат омўхт.
Асоси оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ин гузориши лейтенанти милиса Ҳамроҳ Қаюмов, ки он солҳо корманди бахши БХСС вазорат буд, гардида буд. Маҳз дар асоси ҳамин гузориш дар артели заршўйи «Сароб» санҷиш фаврӣ гузаронида шуд ва зиёда аз як килограмм тилло аз ҳисобот берун ёфт шуд. Расулзода ба хулосае омад, ки Қаюмов ин хабарро ба воситаи аппарати ёрирасон ба даст овардааст, чунки дар парванда дар бораи шахси маълумотдиҳанда хабаре набуд. Аз ин бармеомад, ки шахсе ба Қаюмов бовар карда ин сирро кушодааст, аз тамоми воқеаҳои дохили артел хабардор будааст. Пас он шахс кист? Аз дил гузаронд Расулзода, вале ҷавобе ба суолаш наёфт. Хост бори дигар ба назди Қаюмов рафта дар ин бора пурсон шавад, вале ҳамоно аз райъаш гашт.
Қаюмов ба ҳеҷ ваҷҳ ин сирро нахоҳад кушод, чунки ў дар алоқаи пинҳонӣ бо милиса будааст. Сирри махфӣ нигоҳ доштани чунин шахсонро қонун ҳимоя мекунад ва касе ҳуқуқ надорад, ки бар хилофи он амал намояд.
Лейтенанти калон мактуби Маркази иттилоотиро гирифта, ба идора омад. Хост дар ин бора бо Абдумаҷидов суҳбат намояд, вале ўро наёфт. Бино бар ин ба назди Ёров даромада, аз натиҷаи кори дурўзааш ҳисобот дод.
Дувоздаҳ сол муқаддам аз болои панҷ нафар кормандони артели заршўйии «Сароб» бо моддаи 96 Кодекси Ҷинояти Ҷумҳури Тоҷикистон (дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъиятии миқдораш махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Дар рафти тафтишот бинобар исбот нашудани гуноҳ аз болои се нафар Саломатов Абдунабӣ Файзович, Бурҳонов Ғанӣ Абдувалиевич ва Галкин Александр Михайлович кор дар истеҳсолот қатъ карда шуд. Ба Назаров Шералӣ Ғаюрович ва Золотайко Олег Ефремович бо моддаи дар боло зикршуда айб эълон карда шуда, парвандам ҷиноятӣ бо фикри айбдорӣ ба суд фиристода шуд.

пешина
аз 408
навбатӣ