АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Суд ҳолатҳои корро ба инобат гирифта, инженер– технологи артели заршўйи «Сароб» Золотайко Олег Ефремовичро ба муддати сенздаҳ сол ва заршўйи артели мазкур Назаров Шералӣ Ғаюровичро ба муддати даҳ сол аз озодӣ марҳум намуд.
– Рафиқ Расулзода ҳодисаи мазкур ба парвандаи ҷиноятиии дувоздаҳ сол пеш оғозшуда пайвандие дорад? – пурсид Ёров.
– Мебахшед, рафиқ майор методҳои дедуктивиро нағз наомўхтаам, вале ақли солим ҳидоят мекунад, ки парвандаи ҷиноятии дувоздаҳ сол пеш содиршударо наомўхта ва насанҷида ибрози назар накунем.
– Майлат, ҳарчи тезтар омўзед ва ба ягон хулосаи аниқ биёед, боз нашаваду шумо ҳам мисли он «маҳмаддоно»
(Акбаршоҳ дар назар аст) ба ғайр аз назария пешниҳодкунӣ коре накунед.
– Рухсат диҳед, аз пайи кор шавам.
– Марҳамат.
Чун Расулзода аз дар берун шуд сардор ба андеша рафт.
«Ин Амириён, бо инҳо чӣ хел кор кардааст? Дар маҳмадоногӣ инаш аз вайяш кам нест. Ба ҷойи Амириён мешудам онҳоро барвақт дафъ мекардам. Хайр, чӣ ҷойи хафагӣ, гул бе хор намешавад. Абдумаҷидов, Расулзода ва Шарифӣ барин шахсон аз як лой шуридагӣ. Ҳамин аст, ки «боло» намераванд. Гирем ҳамин Шарифиро, наход полковник шуда, муфаттиш кор кунӣ.
Муомилаи оддиро намедонад. Ман дар ҷойи ў мешудам, на кам аз прокурори вилоят будам».
– Мумкин– мӣ? – гуфтани котиба Ёровро аз байни андешаҳо берун кард.
– Чӣ гап?
– Соат шаш шуд, ман ба хона меравам. Агар ягон кор бошад, истам.
– Майлат, рав.
– Хўш монед, – гўён котиба аз дар баромад.
– Бечора барои як маоши ночиз аз субҳ то шом кор мекунад, ҳатто берухсат ба хона намеравад. Дар ҳақиқат аз полковник Амириён ҳамин қадар кадр мондааст.
Занги телефон садо дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё