АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Наход ҳамин хел бошад. Ҳеҷ мумкин нест. Охир ў маро додар ва Иринаро хоҳар мегуфт. Охир мардро лафзаш ҳалол. «Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид?» хонда буд дар куҷое. Агар гуноҳе содир шуда бошад, маҳз бо хатои Ирина содир шудааст.
Эй Мухтор Вайсович, Мухтор Вайсович, ана, мусулмони ту… ғурғуркунон ў аз назди заводи қанд дур шуд.
... 25 …
Мегўянд, ки «ҳавои баҳор ба зани лулӣ монанд аст».
Дурустии ин мақолро Умаров на як бору ду бор дар зиндагӣ дида буд ва вақте, ки стюардеса бинобар бад будани ҳаво дар Душанбе фурудои самолётро ба фурудгоҳи шаҳри Тошканд хабар дод, аз чӣ бошад, ки ў боз ҳамин мақолро ба ёд овард.
Ҳарчанд дилашро гургон тала мекарданд, вале илоҷе надошт. Тайи як ҳафтаи охир ў аслан хобу хўрокро фаромўш карда буд. Рафту Иринаро дар ягон пости хизмати гумрукӣ дошта бошанд, чӣ? Не, ҳеҷ мумкин нест, Худо нигоҳ дорад.
Диктори фурудгоҳи Тошканд эълон кард, ки самолёти ба Душанбе парвозкунанда бинобар бад шудани ҳаво дар Душанбе ба муддати се соат боздошта мешавад. Ва боз ду маротиба ба ҳамин муҳлат самолёт боздошта шуд. Танҳо субҳи рўзи дигар 10 апрел соати 10 пагоҳӣ самолёт аз фурудгоҳи Тошканд бархост ва баъди як соат ба Душанбе омад. Ў саросемавор ба таксие нишаст, то вокзали роҳи оҳан омад.
Ҳарчанд гирду атрофро аз назар гузаронд, аз Ирина нишонае надид. Соате пештар Ирина ҳамроҳи дугонааш аз қаҳвахонаи «Душанбе» баромада буданд.
Ў саросемавор ба боҷхонаи автоматии вокзал фаромада, дар назди хоначаи рақами 117 истод. Лаҳзае ба гирду атроф чашм дўхт, чун хатареро ҳис накард, даст ба тугмачаҳо бурда, рақами Е– 268– ро дар табло дуруст намуд ва дастро ба тарафи худ кашид. Дар кушода шуд ва ў халтаи селофаниеро, ки худаш ба Ирина дода буд он ҷо дид. Дилаш аз хурсандӣ қариб буд, ки аз қафаси синааш барояд. Халтаро гирифта, ҳамоно аз бинои вокзал берун рафт. Субҳи рўзи дигар ба ҷойи вохўрӣ рафт. Аз чӣ бошад, ки Ирина наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё