АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ёров гўш мекунад, хуб шудааст рафиқ полковник, хуб шудааст, – гўён гўшакро ба ҷояш гузошт ва аз идора баромад.
– Ман ба Раёсати корҳои дохилии шаҳр рафтам, – гуфт ба навбатдор ба ба автомашинаи хизматиаш нишаст.
... 24 …
Хуррамов чӣ кор карданашро намедонист. Дар ин шаҳри калон яккаю танҳо монда буд. Чанд бор ба Бердичев занг зад, вале Мухтор Вайсович ҷавоб надод. Дар кор ҳам телефони ў хомўш буд.
Баъди анҷоми дарс ба вокзал рафта, ба автобус нишаст ва роҳи Бердичевро пеш гирифт. Нақли Иринаро баъди сафари аввалин ба ёд овард.
– Медонӣ, модарам чӣ гуфт?
– Чӣ гуфт?
– Аз ту пурсид, ки ин кӣ?
– Чӣ гуфтӣ?
– Гуфтам ҳамсабақам. Модарам бовар накард.
– Чаро?
– Гуфт нигоҳаш дигар хел.
– Яъне чӣ хел?
– Гуфт чун харидор ба ту нигоҳ мекунад ва нигоҳи харидор бе тамаъ нест.
– Гуфтам дўст доштан магар гуноҳ аст? Аз ў домоди беҳтаре ёфт мешавад? Дидам, ки рангу рўйи очаам канд, хоҳиш кард, ки муносибатамро аз ту канам.
– Акнун чӣ мешавад?
– Ба модарам гуфтам, ки оби рехтаро ҷамъ карда намешавад. Аз чӣ бошад, ки кампир сар ба зер афканд ва баъди чанде сар бардошта гуфт: – Ҳайф, ки маза аз қайла гузаштааст.
Ана, ҳамин хел. Умаров дар хонааш набуд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки чанд рўз боз ўро надидаанд. Хуррамов ба ҷойи кори Умаров рафт. Гуфтанд, ки 8– апрел Мухтор Вайсович ба Душанбе рафтааст. Ба назараш омад, ки аз сараш оби хунук рехтаанд. Наход Ирина ҳамроҳи ў рафта бошад.
Лаҳзае пеши чашмонашро торикӣ фаро гирифт. Айби худам агар ману Ирина ба хонааш намерафтем, шояд… Пас аз 31 март то 8– апрел Ирина ҳамроҳи ў будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё