АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Баъзан аз хоки ношуста мо тилло меёфтем ва аз рўйи устави дар артел мавчуда бояд онро месупоридем. Даромади ҳама аз ҳисоби тиллои ба давлат супоридагӣ буд. Аз ин ҳисоб мо 1, сармутахассисон 1,3 ва сардори артел 1,5 фоиз маош мегирифтем. Вайс Умаров боре аз болои хоктуда як самородок9, ки баробари чормағз буд ёфт.
Ҳарчанд ман ҳолатро дида намехостам, вале новобаста ба хоҳишам шоҳид шудам. Чунин навъи тиллоро ман бори аввал дидам. Вайс самородкаро ба кисааш зада худро тавре вонамуд сохт, ки воқеае рух надодааст... Ҳарчанд у зану фарзанд дошт, вале Дон Жуани10 гузаро буд. Ҳамон рўз ў ҳамроҳи сардори артел барои ҳисобот ба Душанбе рафт. Умаров аслан механик буд ва дар вақтҳои зарурӣ вазифаи ронандаи сардорро низ бар ўҳда дошт. Сардори артел Лобойко Михаил Николаевич марди тахминан 53– 55 солае буда, баъди марги собиқ ҳамсараш ба духтараки 25– солае хонадор шуда буд ва аз фарзандони зани аввалааш ҷудо зиндагй мекард. Як вақт дар байни колектив миш– миш шуд, ки Умаров бо ҳамсари Михаил Николаевич алоқа дорад. Албатта, то шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад. Ман аз рўйи дўстӣ боре Вайсро ба гўшае бурда насиҳат кардам, ҳарчанд ў ҳамсину соли ман буд ва ба насиҳат эҳтиёҷ надошт...
Тахминан ду ҳафта баъди ин насиҳат Лобойко ба рухсатӣ рафт. Бо пешниходи Михаил Николаевич инженер технологи артел Золотайко Олег Ефремовичро иҷрокунандаи вазифаи сардори артел таъин намуданд.
Тиллои ҳар ҳафта гирифташударо дар сейфи махсус нигоҳ медоштанд. Актҳоро дар ду нусха тартиб дода, якеро ба идораи боло фиристода, дигаре дар дасти сардори артел мемонд.
Баъди бист рўзи ба истироҳат рафтани Лобойко аз ҳисоби ОБХСС– и ҷумҳурӣ артелро ҳисобот гузарониданд ва як кг.
тилло аз ҳуҷҷатҳои мавҷуда зиёд омад. Олег Ефремович ҳар кадар исбот карданӣ шуд, ки инҳо акт доштанд, вале актро наёфтанд. Ҳатто нусхаи акт аз сейфи Золотайко гум шуда буд, дар идораи болоӣ, ки мо “партия”– аш мегуфтем, акт ёфт нашуд...
Азбаски ман ҳам аъзои комиссияи гирифтан ва ҷо ба ҷокунии ин метали зормонда будам ва дар ҳамаи актҳо имзо мегузоштам, бе ҷазо намондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё