АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Охир мардум беҳуда нагуфтанд, ки он чи бо калам навишта мешавад, бо табар бурида намешавад. Маро бо он гунаҳкор намуданд, ки бо Олег Ефремович забон як карда ба мақсади ғаразнок як киллограм ё панҷ ҳазор кирот тиллоро аз худ карданӣ шуда, онро аз ҳисоботи давлатӣ берун мондем...
– Шералӣ Ғайюрович парвандаи ҷиноятии дувоздах сол пештар оғозшударо ман аз назар гузаронидам, вале дар ягон ҷо ному насаби Умаров нест?
– Тахминан ду рўз пеш аз ин ҳодиса ў телеграмма гирифт, ки ҳамсараш бемори сахт аст. Золотайко ўро дар асоси ҳамин телеграмма ҷавоб дод. Дигар мо ўро надидем.
– Чаро Шумо аз Умаров домангиред?
– Чунки он актҳои зормондаро ба ғайр аз ў касе гирифта наметавонист.
Ба зами ин бояд дар набудани сардори партия ин вазифаро ба ўҳдаи саргеолог мегузоштанд.
– Пас чӣ шуд, ки онро ба зимаи инженер технолог гузоштанд?
– Золотайко ҷавони ниҳоят болаёқат буд ва эҳтимол Лобайко дар симои ў рақиби худро медид. Аниқ гуфта наметавонам, вале тарҳрези асосӣ ё чӣ хеле мегўянд, муҳандиси ин амалиёт худи Михаил Николаевич буд. Вайс бошад як аскари пиёдае дар ин амалиёт буд, ин фикри шахсии ман аст.
– Нисбат ба Саломатов, Бурҳонов ва Галкин чӣ гуфтаниед?
– Модоме ки тафтишот гуноҳи онҳоро дайн карда натавонист, ман чӣ ҳам мегуфтам.
– Ба ҳар ҳол.
– Қонун умедамон шуд, чунки мўйро аз хамир ҷудо кард ва нисбат ба ин се шахси бегунох (гуноҳашонро исбот карда нашуд) айб эълон накарда, корро дар рафти тафтишот қатъ намуд.
– Гуфтед, ки аз он тилло заррае насиби Умаров нашуд, он кадом тилло буд?
– Ҳамон самородка9, ки баробари чормағз буд ва боз кӣ медонад?
– Ба фикри Шумо ў тиллои дигар ҳам дошт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё