АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Анҷоми хуби ин кор ба ҳарду ояндаи некро тақозо мекард. Барои ояндаи нек бошад одам ҳамаи мушкилиҳоро паси cap мекунад... Баъди як ҳафтаи ин маслиҳат рўзи якуми апрел Ковалёва бо панҷ килограмм қанд, ки дар таркибашон се ҳазору панҷсаду бисту ҳашт карат тилло ҷойгир карда шуда буд, Бердичевро тарк кард...
Соати 19 рўзи 9 апрел Ковалёва ба воситаи қатора озими шаҳри Душанбе шуд. Аслан дар ҳамин вақт бояд Умаров ба хоки Тоҷикистон фуруд меомад. Вале кори хона ба бозор рост намеояд гуфтагӣ барин вазъи обу хаво дар Душанбе вайрон шуду самолёт дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд фаромад.
Вохўрии аввалини Ковалёва бо Умаров соати ҳафти субҳи рўзи 10– апрел дар назди вокзали роҳи оҳан баргузор мегардид ва Ковалёва бояд қандҳоро ба Умаров медод. Дар ҳолати баргузор нагаштани ин вохўрӣ вобаста ба вазъи ба амаломада Ковалёва бояд ба варианти дуюми амалиёт мегузашт ва қандҳоро дар яке аз камераҳои зерини боҷхонаи автомати вокзали роҳи оҳан, ки рақами 117, 127, 137, 147 доштанд мегузошт. Код ба ҳардуяшон маълум буд ва ҳарду онро ба дафтарчаҳояшон навишта гирифта буданд: Е 268 Вохўриҳои минбаъда бошанд ҳар рўз соати 8– и субҳ дар назди муҷассамаи Айнӣ рў ба рўйи меҳмонхонаи «Душанбе»
баргузор мегардид.
Маҳали мазкур барои он ҷойи вохўрӣ қарор гирифта буд, ки бояд Умаров дар ҳамин меҳмонхона маскан мегирифт.
Соати бисту чилу панҷ дақиқаи шоми 15 апрел ў аз ҳодисаи ба сари Ковалёва омада огоҳ шуд.
“Ҳамин чизро барвақтар андеша кардан лозим буд,– аз дил гузаронд Умаров. Модоме ки ў қандҳоро ба боҷхона бурда мондааст хатареро ҳис намудагист? Чаро ў дар меҳмонхона ҷой нагирифтааст? Акнун ҳеҷ гоҳ сирри ин муамморо нахоҳам ёфт”... Дар муддати даҳ рўзи охир ў чандин бор кушиш ба харҷ дод, ки қандҳоро обу лой намояд, вале шикораш барор нагирифт. Акнун дастҳоро болои ҳам монда интизор шудан маъние надорад. Беҳтараш чорае бояд ҷўст. Охир то лаҳзаи парвоз аз чил соат камтар вақт мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё