Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хел?
Дишаб Райкина аз телефон– автомат занг зада, касеро ба вохўрӣ даъват кардааст ва сипас ҳангоми вохўрӣ мардумро ба ёрӣ даъват намудааст, чун ду нафар дружиначиёни халқӣ ба ёрии ў шитофтанд, шахси ба мулоқот омада гурехтааст.
Райкина ўро ба дружиначиён ҳамчун собиқ шавҳар муаррифӣ кардааст...
– Ба фикри Шумо он кас кист?
– Азбаски Райкина то ҳанўз ба шавҳар набаромадааст, мумкин онҳоро ягон гиреҳе бо ҳам мепайвандад, вале он гиреҳ чист, мутаасифона мо то ҳанўз намедонем. Вале аз рафтори Райкина бармеояд, ки ў он ҷавонро ошкор карданӣ нест.
– Агар Райкина нишонаҳои ҷиноятро гум карданӣ бошад, онҳоро аллакай нест кард ва кофтуковн мо натиҷае нахоҳад дод. Шояд он ҷавон, ки то ҳанўз шахсияташ ба мо маълум нест, аз ин ҳодиса огоҳ гардаду аз “саҳна” барояд. Беҳтараш назоратро аз қафои Райкина пурзуртар намуда, ҳардуро якҷоя дастгир намоед. Агар ҷавон бегуноҳ бошад бахшиш пурсида ўро cap медиҳем, ин беҳ аз он аст, ки мо шахси гунаҳкорро бо як ҳаракати ноҷо аз “саҳна” мебарорем...
– Ба Харков супориши ҷудогона фиристодед?
– Ҳоло не. Агар хабари Хуррамов тасдиқ шавад, ин як нишонаи бегуноҳии ўро исбот мекунад. Албатта, бо дастгир кардан Райкина ва Умаров тафтишот ба охир намерасад.
Пурсиши Хуррамовро рафти минбаъдаи тафтишот муайян мекунад.
– Набошад рухсат диҳед равам, рафиқ полковник.
– Майлат, лекин фаромўш накун.
– Хуб шудааст,– гўён Абдумаҷидов аз утоқи кории Шарифӣ баромад...

Маслиҳат ба ҳарду хуш омад. Ба ин муносибат қадаҳ бардоштанд. Он шаб Ирина боз дар хонаи Умаров монд.
Нўшида бошад ҳам дар меҳмонхона ором хобид. Субх чун соҳибхона хеста чой монд ва баъди тановул ба хонаи модараш рафт. Мухтор Вайсович бошад дар тараддуди корҳои ташкилӣ буд. Аз ҷумла гирифтани билети қатора низ ба дўши ў афтод, чунки Ковалёва бояд ба дарс мерафт ва хамаи ин корхо дар назди супорише, ки ба зиммаи ў гузошта шуда буд, назарногир буданд...

пешина
аз 408
навбатӣ