Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар бозгашт ў тамоми роҳ ашки чашмони амаки Қурбоналиро пеши назар овард…

– Хўш, корҳо чӣ хел ҷонам.
– Бад не, аз Шумо чӣ? Ҳеҷ масъалаи кори илмиатон ҳал шуд? – бо нозу карашма пурсид ҷавонзан.
Дар ҳамин асно пешхизмат наздашон омада, бори дигар онҳоро ба тарабхонаи «Ором» хайра мақдам гуфт.
– Хўш, Нигорҷон ҳар чӣ ки дилат хоҳад фармо, – гуфт мард Ҷавонзан рўйхати таомҳоро бо диққат аз назар гузаронида нимтогӣ шўрбо ва мурғбирён фармуд.
– Шароб ҳам биёрам?
– Албатта, – ба Нигор имконияти гап задан надода гуфт мард.
Чун пешхизмат баҳри иҷрои супориши онҳо рафт ҷавонзан гуфт:
– Имрўз аз Хумор мактуб гирифтам.
– Барои ҳамин табъат болида?
– Ҳафтаи оянда Хумор меояд, бино бар ин фардо рафта хонаҳояшро каме ҳам бошад ба тартиб даровардан лозим.
Дили мард таҳ кашид, вале зуд худро ба даст гирифт.
Хайрият ҷавонзан инро пайхас накард. Ў боз даст ба ҷайбаш бурд ва чун ба будани калидҳо бори дигар боварӣ ҳосил кард, бо нимтабассум пурсид.
– Шавҳараш ҳам меомадагист?
– Не, Хумору духтарчааш меоянд. Чӣ хеле ки ман аз мактубаш фаҳмидам ў сарторик шудааст ва мехоҳад ки хуни нофи фарзандаш дар Ватан резад.
– Охир дохили сафоратхона ҳам ҷузъе аз Ватан аст, агар он ҷо таваллуд мекард, магар зиён дошт?
– Намедонам, вале Тоҳир – ако ба фикрам дар ин ҷода беҳтар медонад ва модоме ки ў ҳамсарашро ба Ватан фиристоданист, албатта ягон гап будагист…
Пешхизмат лаълии калонеро бардошта назди онҳо омад ва нону газаку шаробро болои мизи таомхўрӣ монда, оби минералии болои мизро кушода барояшон иштиҳои том гуфта рафт.

пешина
аз 408
навбатӣ