Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Домулло (ҳамсари Нигор дар назар аст) омаданд?
– Не, пасфардо меоянд,– оҳ кашида гуфт Нигор.
– Чаро чунин оҳи ба дард кашидед?
– Ба фикрам шумо маро фиреб мекунед, – гуфт ҷавонзан.
– Чаро фиреб мекардам, охир нағз медонӣ – ку «я от тебя без ума».
– Пас чаро аз ҳамсарат то ҳол ҷудо нашудӣ? Охир шиносоии моро як сол шуд– ку, наход дўст дорию чорае наандешӣ.
– Боз ками дигар тоқат кардан даркор.
– То ба кай мо так – таки бом мегардем, ана Хумор ҳам меояд, онгоҳ мо аз хонаи консперативӣ 1 ҳам халос мешавем.
– Хайр, имшаб куҷо меравем?
– Имшаб ба кулбаи ман. Сари субҳ Фирўз ба хонаи бибиаш рафт.
– Нигорҷон, биё барои он менўшем, ки имшаб ҳам ҳамроҳ бошем, – гўён ў ба қадаҳҳо шароб рехта якеро ба тарафи ҷавонзан дароз кард.
– Эй Расул, Расул ба фикрам шумо манро дар нимароҳ мемонед,– гўён ҷавонзан қадаҳро аз дасти ошиқаш гирифта, дар як дам онро ба гулў рехта қадаҳи холиро ба болои миз гузошт.
Расул пораи бодиринги дар намак хобидагиро ба чангак бардошта чангакро ба дасти Нигор дод ва худ ҳам бе ягон истиҳола қадаҳи хешро холӣ карда, косаи шўрборо пештар кашида, қошуқро ба даст гирифт.
Ҳамагӣ як соат пас аз омадани Нигор дар тарабхона дигар ҷойи холӣ намонд. Садои мусиқӣ ҳамаи нишастагони тарабхо – наро ба ҷунбиш овард ва кас мехост, ки ҳар чӣ тезтар ҷонашро гирифта, «Ором» – ро ки бо мусиқии гўшхароши орксетр асабро вайрон мекард тарк намояд…
Расулу Нигор баъди бардоштани ду – се қадаҳ дар ҳавои мусиқӣ хело рақс карданд. Соати бисту се ҳарду аз тарабхона баромаданд. Шамоли форами шабона ба кас ҳаловат мебахшид.

1.Хонаи консперативӣ – хонаи махфӣ.

пешина
аз 408
навбатӣ