АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Аҳмад Шарифӣ сарварии гурўҳро ба ўҳда гирифта, ба Умаров ва холисони даъватшуда ҳуқуқу вазифаҳояшонро фаҳмонда дод. Сипас, дар ҳузури холисон яке аз халтачаҳои қандро рехта, аз Умаров пурсиданд, ки дар дохили қандҳо чист.
Умаров сар ба зер афканд…
Лаҳзае пас эксперт– криминалист ҳам омад.
– Оҳҳо, ҳамаи команда– ку, – баробари ба остона қадам ниҳодан гуфт Нозимов.
– Марҳамат, гузашта шинед ва агар хоҳишатон бошад, аз ин қандҳо гирифта ком ширин кунед.
– Танҳо баъди Шумо рафиқ лейтенанти калон.
– Майлаш, – гуфт Расулов ва бо иҷозати Шарифӣ яке аз қандҳоро шикаст.
Метали зарде аз дохили қанд берун омад.
– Ин чист? – металро ба даст гирифта аз Умаров пурсид муфаттиш.
Мухтор Вайсович хомўш буд.
Ниҳоят ҳамаи қандҳоро шикастанд ва металҳои аз дохили қандҳо афтидаро ҷудо намуда баркашиданд, ки ҳамагӣ се ҳазору чорсаду дувоздаҳ каратро нишон дод.
– Хўш, Мухтор Вайсович, акнун ба мо гуфта диҳед, ки кай ва аз куҷо ин металҳои ялақосиро гирифтед?
– Ба ман ин металҳо мерос мондагӣ.
– Аз падаратон?
– Не, аз бобоям.
– Хўш, онҳо чӣ қадар буданд?
– Ҳафтсаду панҷоҳу шаш грамм. Мухтор Вайсович ҳаминашро рост гуфт, чунки бо дасти Ковалёва ҳамин миқдор тиллоро фиристода буд.
– Пас чаро ин ҷо кам аст?
– Надонам, ҳамааш ҳамин.
– Агар гапи Шумо рост бошад, яксаду шонздаҳ карат ё ба таври дигар гўем, 23, 2 грамм намерасад.
Шарифов протоколи гирифтани далелҳои шайъиро тартиб дод. Эксперт бошад қанд ва металҳоро ҳамчун далели шайъӣ ба халтае андохта маҳкам кард. Протокол ва халтаи далелҳои шайъӣ бо имзои холисон ва Умарову муфаттиш маҳкам карда шуданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё