АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳангоми аз назаргузаронии ҳуҷраи иҷоравии Умаров дар бинои меҳмонхона як пораи метали зарди ба тилло монанд ёфт шуд, ки бисту ҳафту аз даҳ панҷ каратро ташкил дод. Ин бори дигар исбот кард, ки Умаров барои обу лой кардани ин металҳо кўшиш ба харҷ додааст.
– Суҳбат боқӣ, давомашро дар кулбаи мо мешунавем, – гуфт Шарифӣ ва амр кард, ки Умаровро баранд…
... 44…
Шаб ором гузашт. Умуман касе фароғати Райкинаро халалдор накард. Ба хотири фароғати ў шуда старшинаи милиса Давлатов ва сержанти хурди милиса Боқиев, ки парастори ўро бар ўҳда доштанд, мижа таҳ накарданд.
Вазъи Абдумаҷидов аз Давлатову Боқиев беҳтар набуд. Ў низ ҳамроҳи Расулов ва Шарифӣ тамоми шаб ҳамроҳи Умаров кор карда, қарибиҳои субҳ дар асоси нишондоди Мухтор Вайсович плану чорабиниҳои оперативиро оид ба анҷом додани парвандаи ҷинояти рақами 214 тартиб дод. Нишондоди Умаров дар рафти тафтишот дигаргуниҳои куллиеро ба вуҷуд овард. Агар Мухтор Вайсович дар ҳақиқат миқдори тиллои бо дасти Ковалёва фиристодаашро дуруст нишон дода бошад, пас 34, 5 қироти дигари он то ҳанўз ёфт карда нашудааст.
– Абдумаҷидов, субҳ баробари ба идора омадани сардори ШКД ба назди Ёров даромад.
– Акбар Ҳакимович, имшаб ҳам аз афташ ба хона нарафтед, – аз ҷой ба истиқболи Абдумаҷидов бархоста барои салом даст дода, капитанро ба нишастан таклиф кард Ёров.
Рафтори сардори ШКД тааҷҷуби Абдумаҷидовро овард.
Дар давоми чор моҳи кор Ёров бори аввал даст дода вохўрӣ кард. Аслан ў якчанд бори дигар дилу бедилон бо нўги ангуштонаш ба Абдумаҷидов салом карда буд.
Ёров плану чорабиниҳои иловагии корҳои оперативиро аз назар гузаронида, бе ягон тағирот тасдиқ кард.
– Акбар Ҳакимович маро бубахшед,– гуфт Ёров
– Барои чӣ?
– Охир ман борҳо Шуморо ранҷондам.
– Боке нест, ҳамааш ба манфиати кор буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё