Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чунки…
– Чӣ?
– Ўро ҳам аз қафои дугонааш ба он дунё…
– Кай.
– Чӣ, ту дар ҳамсоягӣ зиндагӣ карда, дарак надорӣ?
– Не, ман дар ин ҷо зиндагӣ намекунам.
– Агар ҳамон рўз дар утоқи кори нозири минтақавӣ Амирхудоев ҳақиқатро мегуфтед, кор чунин ранг намегирифт.
Абдумаҷидов қатраҳои ашкро дар чашмони писарбача дид ва гуфт биё ба ошхона равем.
Акнун аз қайсарии писарбача нишоне намонда. Маълум буд, ки фоҷиаи ба сари Светлана омадаро як талафоти бузург медонад.
Ҳарду ба ошхона рафтанд. Абдумаҷидов аз тиреза як милисионерро ҷеғ зад ва чун ў ба остона ворид шуд, ба истиқболаш баромада, чашмак зад ва амр кард, ки қотилро дар меҳмонхона нигоҳ кунад.
Сипас боз ба назди Валӣ омада, нисбат ба фалокати ба сари Райкина омада гап зад.
– Ана ҳамин хел Валиҷон, агар ҳамон рўз ту расми пешниҳод кардаи маро мешинохтӣ, Светлана зинда мемонд, вале…
Муҳаббатов ҳамаи тарафҳои корро дар тарозуи ақл баркашида, ба хулосае омад, ки пинҳон кардани ин кор маъние надорад ва ҳамаи дидаву шунидаашро ба Абдумаҷидов гуфта дод.
– Валӣ, ту чандсолаӣ?
– Шонздаҳсола.
– Ба фикрам, Светлана Андреевна туро дўст медошт.
– Намедонам, вале ман ўро дўст медоштам.
– Ҳозир гурўҳи тафтишотӣ ба ин ҷо меояд, биё, туро гусел намоям, пагоҳ соати даҳ ба милиса биё.
– Беҳтараш маро ҳамин ҷо пурсед, чунки пагоҳ боз аз паи ризқу рўзӣ шудан лозим.
– Метарсӣ, ки ақидаатро дигар накунӣ.
– Не, чаро, сухани мард як, – гуфт писарбача.
– Агар Светлана зинда мемонд, ҳамин хел нишондод медодед?

пешина
аз 408
навбатӣ