АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ҳаргиз не, чунки ман ба ў қавл дода будам.
– Пас чаро аз қавлат гаштӣ?
– Чунки ҳамон бандитро ба маҳкама кашиданиам.
– Охир ў зиёне ба ту надодааст– ку?
– Аз ин бештар талафоте ҳам шуданаш мумкин аст.
– Медонӣ, қотили он зане, ки расмашро ба ту нишон додам, кист?
– Ҳамон бандит?
– Не, қотили асосӣ Светлана аст.
– Ман бовар намекунам.
– Гўш кун, ў дугонаашро барои камтар қанд ба қатл расонидааст, аниқтараш ўро ҳамроҳи ҳамин бандити гуфтагиат ба қатл расонданд.
– Света ҳам аз ин бандит метарсид.
– Медонам.
– Наход барои қанд шуда одамро кушанд, ҳеҷ бовар намекунам.
– Рўзе мерасаду инро аз забони худи Райкина мешунавӣ?
– Ҳеҷ Шуморо нафаҳмидам, чӣ хел ўро мешунавам, модоме он бандит Светаро кушта бошад?
– Райкина на аз он гурўҳест, ки ба осонӣ ҷон диҳад, ў қариб ҳамин бандити дидаатро кушта буд.
– Чӣ, ў зинда аст.
– Зинда…
– Набошад ман ба Шумо ягон гап нагуфтам.
– Шахсе ҷиноятро пинҳон мекунад, худ ҷинояткор аст.
– Инро аввал исбот кардан лозим.
– Инаш душвор нест.
– Чӣ хел?
– Вақте ки ту кию чикора будани Райкинаро фаҳмидӣ, худат давида ба милиса меоӣ. Охир ту ҳам дар куштори дугонаи Светлана саҳм гузоштаӣ– ку…
– Чӣ маро ҳам ҷавобгар мекунанд.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале касеро то кунун барои пинҳон кардани ҷиноят сарашро сила накардаанд. Ҳамаашро рафти тафтишот ҳал мекунад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо