Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман гумон кардам, ки ин кас. – ба тарафи Абдумаҷидов нигоҳ карда гуфт духтур.
– Ин кас милиса.
Марди хилъати сафедпўш хело ба тарафи Абдумаҷидов нигоҳ карда гуфт:
– Акнун дилам пур, ному насабатро албатта дар ҳузури милиса ба ёд меорӣ. Инҳо онаи зоратро нишон медиҳанд.
Духтурон хайрухуш карда баромада рафтанд.
Занги дар аз нав садо дод.
Абдумаҷидов ба дасти рости меҳмони ҷабрдида, ки ҳанўз ному насабашро намедонист, наручник1 зад ва тарафи дигари онро ба батареяи гармидиҳанда маҳкам намуда, ба истиқболи шахси зангзананда шитофт.
Ў дарро кушоду дар рў ба рўяш Валиро дид, ки сеткаи селование дар як даст ва дар дасти дигараш дастагуле рост меистод.
– Марҳамат Валиҷон, дароед.
– Соҳибхона канӣ, – пурсид писарбача?
– Он кас дар ванна, ҷеғ занам.
– Не, ман худам, – гўён Валӣ ба хона даромад ва аввал ба ошхона рафта, сеткаашро болои мизе гузошта, дастагулро ба зарфи шишагине гузошт.
Абдумаҷидов аз ин бебокии писарбача ангушти ҳайрат газид ва агар дар милиса кор намекард, шояд адаби ин сағираи қайсарро медод.
Сипас аз пеши ванна гузашту гулў равшан кард.
– Марҳамат Валиҷон, ба меҳмонхона гузаред.
Писарбача чун вориди меҳмонхона шуд, ҷавони паҳлавонҷўссаеро дид, ки сараш бинтпеч ва бо кишан дасташ дар батареяи системаи гармидиҳӣ маҳкам.
Нигоҳи ҳарду ба ҳам бархўрданд ва Валӣ ба нигоҳи шахси кишанбадаст тоб наоварда, нигоҳашро гурезонд.
– Ин кас кӣ?
– Қотил, – гуфт Абдумаҷидов. Ў ноаён боз тугмаи диктафонро пахш кард.
– Ҳангоме ки…
– Худи худаш
– Светлана куҷост, чаро аз ванна намебарояд?

пешина
аз 408
навбатӣ