АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 47…
Гурўҳи фаврии тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса омад.
Милисионер Холназаров, ки дар берун омадани гурўҳро интизор буд, ҳамроҳи ду шахси холис онҳоро ба хонаи Райкина овард.
– Бисёр дер омадед, – онҳоро дида гуфт Абдумаҷидов.
– Ба назаратон намудааст, рафиқ капитан, аз лаҳзаи занг заданатон ҳамагӣ бисту ҳашт дақиқа гузашт, – гуфт сардори гурўҳ сармуфаттиши шўъба, майори милиса Зарифов Ҳ. У.
– Ҳикматулло Убайдуллоевич, магар бисту ҳашт дақиқа кам аст.
– Ором шавед, рафиқ капитан. Гурўҳи фаврӣ дар ҷойи дигари ҳодиса буд. Ба маълумотатон расонам, ки дуздеро ба қайд гирифта омадем, ёфтани дуздро бошад, барои шумо мондем. Ана ҳамин хел рафиқ капитан, боз ягон савол доред, – гуфт муфаттиш.
– Не, рафиқ майор.
– Набошад бифармоед, ки корро аз куҷо сар кунем. Абдумаҷидов гурўҳи фавриро ба рафти воқеаҳои ним соат пештар рухдода шинос кард. Зарифов вазифаи ҳар як кормандро (онҳо ҳамагӣ се нафар: эксперт – криминалист Наъимов, нозири минтақавӣ Наҷмиддинов ва худи Абдумаҷидов) муайян кард.
Аз рўйи вазъи ба амаломада Зарифов корро аз пурсиши Муҳаббатов сар кард.
Наҷмиддинов пурсиши соҳибхонаро ба ўҳда гирифт.
Сараввал Райкинаро бо қарор дар бораи кофтуков шинос намуда, гуфтанд, ки пораи қанди дар хонааш нигоҳ медоштагиро дар ҳузури холисон, ки Зарифов ҳуқуқу вазифаи онҳоро фаҳмонда буд, бароварда ихтиёран диҳед, вале Светлана Андреевна гуфт, ки ҳеҷ гуна қанд ва хусусан қанде, ки дар дохилаш тилло дошта бошад, дар хонаи ў нест. Бо амри муфаттиш эксперт– криминалист Наъимов кофтуковро аз хонае, ки Райкина нигоҳ дошта мешуд, сар кард…
Ниҳоят меҳмони ҷабрдида ному насаби хешро ба ёд овард.
Ў Гурезов Ашўр Ҷабборович буда, дар ягон ҷо кор намекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо