АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Гурезов на ин ки ному насаб, балки саргузашти худро, ки дар он мояи ифтихоре нест, ба ёд овард…
Ана ҳамин хел, рафиқ милиционер, ман худам ҳам нафаҳмидам, ки чӣ хел ба доми ин духтари шайтон афтида, ба ҷиноят даст задам ва бовар кунед, ҳатто он қандҳои гуфтагии Шуморо бо чашми худ надидаам. Ин бегоҳ ба суроғи ҳиссаи худ омада, қариб дунёи фониро тарк карда будам…
Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, Наъимов устои касби хеш буд. Баъди ду соати кофтуков ў инро бори дигар исбот кард.
Вақте ки қутии кремро ба даст гирифт, дар чеҳраи соҳибхона дигаргуние ҳис кард. Ў асбоби ба сим монандеро аз дипломати тафтишотӣ (следственный дипломат) гирифта, ба дохили қуттӣ андохт ва лаҳзае пас коғазпечи хурдакакеро берун овард.
Райкина ин лаҳзаро дида, боз сар ба зер афканд. Чун коғазпечро аз крем тоза карданд, селофанеро диданд ва баробари кушодани он метали зарди ба тилло монанд аз дохилаш берун омад. Баъдтар экспертиза ҳангоми муқоисаи он бо тиллоҳои аз дасти Умаров гирифта шуда ба хулосае омад, ки тиллои мазкур низ ба тиллои ҳавзаи қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз мансуб аст. Вазни он 34, 5 каратро ташкил медод. Баъдтар дар рафти тафтишот Райкина дар бораи чӣ тавр ба даст овардани ин пораи метал иншои хубе навишт…
Дар иҳотаи милисионерон Гурезов ва Райкинаро ба ду автомашинаи алоҳида шинонданд. Автомашинаҳо пардаи торикиро дарида, бо суръати баланд ба тарафи ШКД ҳаракат карданд.
Ронанда радиои автомашинаро ба кор андохт. Диктор қироат мекард:
Даррахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.
Вар аз ҷўи ҳулдаш ба ҳангоми об,
Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб.
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад!...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо