Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ПАЙНАВИШТҲОИ ПОВЕСТИ
«ПОРАИ ҚАНД»

1 . «Тебе только за смертом послат» – киноя барои корро иҷро накардан.
2 . Салом Салимович – собиқ сардори Раёсати корҳои дохили шаҳр, ки як моҳ пеш аз кор озод карда шуд.
3.
Секрет фирма – махфияти корхона.
4.
Анастасия Петровна – модар. Константин Петрович– тағои Королёва 5.
Қирот – воҳиди ченаке,ки ба 0,2 грамм баробар аст.
6.
Шиш – дар Руси қадим ваколатдори кофтукови ҷиноятиро чунин ном мебурданд.
7.
Назар Назарзода – доктори фанҳои филология.
8.
Дискотека – майдон ё зали рақс.
9.
Самородок – тиллои худрўй 10.
Дон Жуан – қаҳрамони Сервантес.
11.
Мюллер – қаҳрамони филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор».
12.
Гриф птица терпеливая – асари нависандаи америкоӣ Х.
Чэйз
ҶОСУС

Қисса
Эҳдо ба қиблагоҳи бузургворам
Азиз Ҳомидзода

Хабари марги мўйсафеди Латиф дар деҳа барқвор паҳн шуд. Ду рўз пеш ў ба хонаи духтараш Бунафша ба шаҳр рафта буд, имрўз бошад… Ё тавба… Гўё ба меҳмонӣ не, балки ба истиқболи марг рафт…
Бунафша ягона вориси ин хонадон, дар ҳусну малоҳат ҳамто надошт. Ҳанўз мактаби миёнаро тамом накарда, хостгорон аз ҳар гўшаю канор дари хонаи бобои Латифро охўрҷа карданд. Ҳатто котиби аввали ҳизби ноҳия низ барои келин кардани Бунафша ба хонаи бобои Латиф хостгор фиристода, ҷавоби рад гирифт. Баъзе аз ҳамдеҳагони хушомадгўйи котиб овоза карданд, ки Латифи Мардон ақлашро хўрдаст ва бози давлатро, ки ба тарафи хонаи ў омад, ношукрӣ карда гардонд. Вале аз ин гапҳо Латифи Мардон парво надошт.
Оқибат ҳамсояи девор дар миёнашон Саид барои писараш Рустам ба хостгорӣ омад. Ва Латифи Мардон гапи ўро гирифт.
Рафтори ў ҳамдеҳагонро ба тааҷҷуб овард. Мегуфтанд, ки ба бахти духтараш зомин шуд, охир дар деҳа аз Саид дида камбағалтар касе набуд. Рустам ҳам то тавонист хизмати хусуру хушдоманашро ба ҷо овард ва мўйсафеди Латифу кампири Оиша дуою давлати ў ва писаронашро мекарданд. Панҷ сол пеш Рустам ба касалии диққи нафас (астма) гирифтор шуд.
Азбаски деҳа дар баландии зиёда аз ду ҳазору панҷсад метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст, рўз аз рўз нафасгирии Рустам душвортар мешуд. Табибон тавсия доданд, ки ба ягон водӣ кўч бандад, вале Рустам розӣ нашуд. Нахост хусуру хушдоманашро, ки ба ғайр аз ў ва Бунафша дигар касе надоранд, партофта равад. Оқибат бистарӣ шуд Рустам.
Се сол пеш Рустаму Бунафша бо талаби қатъии бобои Латиф ба шаҳр кўчиданд. Бунафшаю шавҳараш ҳарчанд кўшиданд, ки пиру кампирро ҳамроҳи худ баранд, мурод ҳосил нашуд. Сухан ва амали Латифи Мардон дар ҳама давру замон як буд. Ў сарашро медоду гапашро не. Духтару домод дигар бо ў баҳс накарданд ва фарзандонашон Диловару Маликаро барои хизмати бобою бибӣ монданд…

пешина
аз 408
навбатӣ