Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар як муддати кўтоҳ аҳли деҳ дар ҳавлии Латифи Мардон ҷамъ шуданд. Ҳамсари мўйсафед– кампири Ойиша такя ба девор зада, аз чашми мардум пинҳон ашки чашмонашро пок мекард. Малика бошад, бо овози баланд бобоҷонам гўён нола дошт. Диловар бо чашмони аз гиря варамкардааш ба суханони мардум гўш дода, чун аломати тасдиқ сар меҷунбонд.
– Пирию хартозӣ, сад бор гуфтам, саломатиат хуб нест, нарав, вале ба гапам гўш накард, – ба занҳои маҳалла, ки ба ҳавлиаш омада буданд, бо дили реш ҳасрат мекард кампири Ойиша.
Барқияи аз шаҳр омада ягона далели марги мўйсафед буд.
Мардуми дар ҳавлӣ гирдомада сабаби фавтро ҳар хел шарҳ медоданд…
Чанд тан мўйсафедони деҳ барои маслиҳат ба назди кампири Ойиша рафтанд. Кампир гуфт, ки сабаби асосии ба шаҳр накўчидан ин эҳтироми беандозаи мўйсафед нисбат ба мардум ва гузаштагони ин диёр аст. Агар малоли хотиратон наояд, хокдони мўйсафед бояд ҳамин ҷо дар паҳлўи гузаштагон бошад.
Мардум ҳам айнан дар ҳамин фикр буданд, чунки Латифи Мардон кам хизмате ба онҳо накардааст…
Ў устои гулдасте буд, ки нақши дастонашро дар ҳар хонадони дидан мумкин аст. Сағиру кабири деҳ ба мўйсафеди Латиф як эҳтироми беандоза доштанд.
Бо маслиҳати пирони кор чанд тан аз мардуми деҳ дар як автобусу ду мошини сабукрав барои овардани ҷасади мўйсафед Латифи Мардон ба шаҳр рафтанд… Қарибиҳои шом онҳо ба хонаи Бунафша расиданд, ки дар он ҷо низ мардуми зиёде ҷамъ шуда буд. Бунафша ҳамдиёронашро дида, аз иҳотаи ҳамсояҳои шаҳриаш баромада, ба тарафи онҳо омада гуфт, ки қиблагоҳашро парронданд ва лаҷоми гиряро сар дод…

... 2 …

Ду сол боз ваколатдори кофтукови ҷиноятии Шўъбаи
корҳои дохилии ноҳияи Гулистон капитани милиса Акбаршоҳ
Абдумаҷидов ба рухсатӣ набаромада буд. Як ҳафта пеш ба ҳамсараш Наташа аз ҷойи кор барои истироҳат дар санаторияи ба номи Димитреви шаҳри Кисловодск роҳхати дукаса доданд.

пешина
аз 408
навбатӣ