Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акнун кор бас будагист, аз пайи рухсатӣ шавед, ба табобатгоҳ меравем, – баробари ба хона даромадан хабар дод Наташа ва аз хурсандӣ дастонашро дар гардани шавҳар ҳалқа кард.
– Ба табобатгоҳ, ба куҷо?
– Ба Кисловодск.
Акбаршоҳ аз ин хушхабар хушҳол шуда бошад ҳам, вале як гўшаи дилаш хиҷил буд. Охир, дар милиса рухсатӣ гирифтан кори осон нест. Аз ин рў гуфт:
– Чаро бе маслиҳат рухсатӣ гирифтед?
– Чӣ, шумо хурсанд нестед?– ба ҷойи ҷавоб савол дод Наташа.
– Шодам, лекин…
– Чӣ лекин?
– Намедонам, ба ман рухсатӣ медиҳанд ё не?
– Аз ҳама асосиаш роҳхат, дигар ягон илоҷ мекунем, – гуфт зан ва шавҳари ҳанўз дар остона ҳайронро ба ошхона даъват кард…
Субҳи рўзи дигар Абдумаҷидов гузориши муфассале навишта, ҳамчун далели шайъӣ роҳхатҳоро ҳамроҳ карда, ба назди сардор даромад.
Полковники милиса Амириён ҳуҷҷатҳоро аз дасти капитан гирифта, айнакашро ба чашм монд ва ба хондан шурўъ кард.
Сипас, далелҳои шайъӣ (путёвкаҳо)– ро бодиққат аз назар гузаронида:
– Чӣ илоҷ, русдухтар оқибат корашро кард, – гўён дар гўшаи чапи гузориш чунин навишт: «Муҳосиб: аз 18. 08…».
Амириён айнакашро аз чашм гирифта, рост ба тарафи мусоҳибаш, ки ҳамоно рост меистод, нигарист ва қоғазҳои навакак имзокардаашро дароз карда гуфт:
– Акнун, ки роҳхат аз ҳисоби келин аст, бигузор роҳкирояш аз ҳисоби мо шавад, ҳоло ба назди муҳосиб рафта, талабнома барои самолёт гиред ва аз пайи билет шавед…
Азбаски роҳхат аз 25 август сар мешуд, Акбаршоҳ барои
24 август чипта гирифта, ба идора омад. – Имрўз 17 август.
Соат даҳ, – хабар дод радиои деворӣ. Акбаршоҳ саргарми тахт кардан ва супоридани ҳуҷҷатҳо буд. Ў бо як дилгармӣ ба кор шурўъ карда буд.

пешина
аз 408
навбатӣ