Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мехост ҳар чӣ тезтар ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолот бударо супорида, барвақттар ба хона равад. Телефон занг зад. Навбатдор хабар дод, ки ба назди сардор дарояд.
Лаҳзае пас ў рухсат пурсида, вориди утоқи кории сардор шуд.
– Акбаршоҳ, ҳодисаи нохуш рўй додааст, – гуфт Амириён.
Дар қабристони шаҳрӣ ҷасади мўйсафедеро ёфтанд, ки аз захми тир ба ҳалокат расидааст. Рухсатиро каме ба таъхир монед ва аз пайи муайян кардани ҳамин кор шавед…
Баъди ним соат гурўҳи фаврии тафтишотӣ бо сарварии сармуфаттиши прокуратураи ноҳия, машваратчии адлияи дараҷаи сеюм Сабоҳат Сафарзода ба ҷойи ҳодиса омад. Нозири минтақавӣ, лейтенанти милиса Азиз Ҳабибӣ, ки назорати ҷойи ҳодисаро ба ўҳда дошт, даст ба чакка бурда, ба таври низомӣ аз ҳодисаи рухдода маълумот дод. Пас аз машварати кўтоҳе эксперт– криминалист, лейтенанти калони милиса Азим Нурзода манзараи умумии ҷойи ҳодиса ва ҷасади мақтулро, ки рў ба замин мехобид, аксбардорӣ намуд. Сабоҳат Сафарзода бо иштироки холисон ҷойи ҳодисаро ба протоколи азназаргузаронӣ сабт намуда, ҳамзамон ба эксперти тибби судӣ Иван Сунсов барои муоинаи ҷасад рухсат дод. Мақтул дар намуд марди панҷоҳу ҳашт – шастсолае буда, дар тан куртаи кабуд, шими сиёҳ ва дар по туфлии нимдошти ранги сиёҳ дошт. Дар масофаи як– якуним метр тоқии чустӣ афтида буд ва ҳеҷ шаку шубҳае намонда буд, ки тоқӣ низ аз мақтул аст. Мақтул мўйи сари паст тарошида ва риши мошубиринҷи кўтоҳ қайчизада дошт. Дар ҷойи пару афтидагиаш осори хунравии зиёде дида мешуд. Дар тарафи чапи синааш дар масофаи 5– 8 см аз якдигар ду сурох дида мешуд, ки ҷойи баромади яктоаш бо ҳаҷми калонтаре дар тахтапушт ба назар мерасид. Дар ҷайбаш дусаду чилу чор сўм ва шаҳодатномаи маъюби ҶБВ, гурўҳи сеюм ба номи Мардонов Латиф ёфт шуд…
– Сабоҳат Абдуллоевна, ба ин ҷо биёед, – нидо кард Акбаршоҳ, ки аз онҳо дар масофаи даҳ– дувоздаҳ қадам дуртар меистод.
– Ягон нишонае ҳаст, – сар аз навиштани протокол бардошта гуфт Сафарзода ва ҷониби онҳо рафт.

пешина
аз 408
навбатӣ