АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар масофаи ҳашт метр аз ҷойи мақтул гирди манзиле ним метр бо хишт бардошта шуда буд. Дар сари қабр сафедсанги тарошидашудаи 1, 2 метр бар 80 см бо кандакории ному насаби шахси фавтида гузошта шуда буд. Мисраҳои зерин дар он сабтшуда буданд:
Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ, аҷал май,
Халоиқ боданўши ҷуръаи вай.
Халосӣ нест асло ҳеҷ касро,
Аз ин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май.
Маҳз, ҷинояткор ҳамин ҷоро ҳамчун камингоҳ дар интизории «сайд» истифода бурдааст. Аз тарафи рости ҳамин манзил дар байни алафҳо, дар масофаи бист– биступанҷ сантиметр аз якдигар ду гилзаи биринҷие мехобид. Ташхисгар ҳарду гилзаро эҳтиёткорона гирифта, ба қуттичае андохт ва бо имзои холисон онро маҳкам кард. Ин «бозёфт» ба протоколи азназаргузаронӣ илова карда шуд. Ба пули ҷайби мақтул таваҷҷуҳ накардани қотил кушторро ба мақсади ғоратгарӣ истисно мекард…
... 3 …
Бар хилофи ақидаи модар Бунафша сараввал барои ба деҳа бурдани ҷасади падар розӣ нашуд. Хоки худою бандаи худо мегуфт ў. Мардуми аз деҳ омада ҳайрон буданд. Ва оқибат ба фикри онҳо розӣ шуд Бунафша…
Хурду калони деҳ барои видоъ бо марҳум ҷамъ шуда, ашк мерехтанд ва дар ҳаққи қотил лаънат мехонданд. Одамон ба назди Бунафшаю модараш омада, ҳамдардӣ баён мекарданд.
Бунафша фаҳмид, ки марги падар на танҳо барои ў ва модараш, балки барои аҳли деҳ талафоти бузургест. Гарчанде раҳматиро бародару хоҳаре набуд, вале имрўз мардум барои ў мисли бародару хоҳар ашк мерехтанд. Мўйсафедон дафтари хотироти худро варақ зада, лаҳзаҳои ҳаёти Латифи Мардонро пеши назар меоварданд…
Охирҳои моҳи октябри соли 1944 аскари қаторӣ – Латифи Мардон бо захми тир дар бадан (пой), вале бо сари баланд ба зодгоҳаш баргашт. Аз чунин бозгашт мардум ангушти ҳайрат газиданд, чунки се моҳ пеш хатти сиёҳаш омада буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо