АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Он солҳо дар ақибгоҳ мардон ниҳоят кам буданд. Ҳама дар фронт ба муқобили истилогарони немис меҷангиданд ва тамоми корҳои ақибгоҳ ба дўши занҳо афтида буд.
Рўзи сеюми бозгашт аз фронт раиси колхоз Фақири Назир ўро ба наздаш даъват карда, аз мақсаду маром ва кору бораш пурсон шуд ва худи ҳамон рўз фармонро дар бораи сардори бригадаи сохтмончиён таъйин карданаш ба имзо расонд. Раис хато накард.
Латифи Мардон ягон мактаби сохтмониро хатм накарда буд, ҳамин хел оҳиста– оҳиста чи хеле ки қатраҳои борон дарёро ташкил медиҳанд, таҷрибаи кор омўхт ва ниҳоят устои гулдасте шуд. Усто Латиф «аз чўб одам метарошад» – мегуфтанд ҳамдеҳагон.
Усто Латиф таълим медод, ки дар ҳама кор сабру тоқат лозим, шитобкорӣ дар ҳама намуди касб, мегуфт ў ба шогирдон, чун селест, ки меояду вайрон мекунаду меравад, вале сабру тоқат чун қатраҳои боронанд, ки ҳама ҷўю наҳрҳо мўътадил об мегиранд ва мардум аз он истифода мебаранд…
Баъди хондани намози пешин ҷаноза хонданд. Мардуми хеле зиёде омада буд. Тобут болои дасти анбўҳи одамон бархоста, аз даст ба даст мегузашт ва ҳар кас кўшиш мекард, ки чун қарзи охирини инсонӣ лаҳзае тобути ин марди некро бардорад. Ба назар менамуд, ки тобут чун киштии паррон ба сўйи манзили охират шитобон парвоз дорад…
... 4 …
Ронанда чунин воқеаро интизор набуд. Яку якбора аз байни дарахтон, мисли оне, ки замин кафида бошад, марди миёнсоле саросемавор байни роҳ баромад… Ў ба тамоми қувват тормозро зер кард. Чархҳо аз гашт монда бошанд ҳам, вале чун чана дар болои мум лағжида ва садои гўшкаркунандае бароварда, аз худ дар болои роҳ дар масофаи даҳ– понздаҳ метр нақш гузоштанд. Мошин истод. Ронанда дид, ки марди роҳгузар афтид. Саросемавор фаромада ба пеши автомобил давид…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо