АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳама хомўш буданд. Касе аз қатор набаромад. Афсари немис пурсид, ки агар касе коммунист ва ё афсареро нишон диҳад, имконият пайдо мекунад, ки дар як саф ҳамроҳи армияи “мағлубнашавандаи Германия” ба муқобили “болшевикон” мубориза барад. “Аз ин фурсати муносибтаре нест”, – андешид ба худ Тешаи Санг ва аз қатор баромада, лейтенант Бистровро нишон дод…
“Хизмат”– и аввалини ўро ба назар гирифта, дар амалиётҳои ҳарбии минбаъда аз хизматаш ҳамчун ташвиқотгар истифода бурданд. Ў борҳо ба воситаи баландгўяк аскарбачаҳои мусулмонро барои ба тарафи немисҳо гузаштан даъват мекард. Баъдтар дар амалиётҳои зидди партизанӣ дар ҷангалҳои Украина иштирок намуда, ба боварии саркардагони армияи душман сазовор шуд.
Ҳамин тариқ, тақдир Тешаи Сангро бозичаи дасти душман гардонд. Иродаи қавии аскарони Шўравиро ў танҳо баъди панҷ моҳ ҳис кард, чунки немисҳо аз моҳи октябри соли 1942 дар тамоми фронти шарқӣ ба мудофиаи стратегӣ гузаштанд ва таслимшавии армияи 6– уми немисҳо таҳти фармондеҳии генерал– фелдмаршал Паулюс 2 феврали соли 1943 дар Сталинград тамоми мақсаду мароми ўро барбод дод…
Хост боз илоҷе карда қафо баргардад, вале бедодгариҳои дар ин муддат содиркардаашро ба ёд оварда, тарсид ва акнун пурра дарк кард, ки барои ў баринҳо дигар роҳи бозгашт нест…
Тешаи Санг зодаи Шарқ буд ва ўро дар диёр ҳамсараш Маърифат ва писараш Муҳиб интизор буданд, вале соли 1944 ў ҳамроҳи армияи дар таҳлука афтидаи немисҳо гурбавор ба Ғарб гурехт…
... 11 …
Пас аз гусели капитани милиса Абдумаҷидов Сабоҳат Сафарзода ҳуҷҷатҳоро ба говсандуқ руст карда, ба котиба хабар дод, ки тобам гурехтааст ва роҳи хонаро пеш гирифт.
– Чӣ тасодуфе, – меандешид ў. – Рафту тасодуф набошад, чӣ? Охир, агар Мардонову падарам шинос мебуданд, мо бояд медонистем. Не, мўйсафеди Латиф ҳеҷ гоҳ ба хонаи мо наомада буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо