АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Рафту зиндагӣ Мардонову падарамро боре дар чорроҳае рў ба рў карда бошад чӣ? Агар чунин аст, пас асрори ниҳонест дар миёна…” Бо ҳамин фикру хаёлот ў чӣ тавр ба хона расиданашро нафаҳмид…
– Бибӣ, бибиҷонам омад!– гўён Тўйчии панҷсола ба тарафи дарвоза давид. Санавбар ҳам ҷунбуҷулро дар ҳота бас карда, аз қафои писарчааш ба истиқболи хушдоман баромада, ўро бо рангу рўйи канда ва авзои парешон дид.
– Ҳа, аммаҷон, ба Шумо чӣ шуд?
– Тобам гурехт.
– Духтур ҷеғ занам?
– Не, лозим нест.
– Чаро?
– Ин дарду доғи кўҳнаест ва ман онро то ба гўр бо худ мебарам ва ҳеҷ табибе дар дунё онро даво бахшида наметавонад, ба ҷуз марг…
Санавбар дар давоми ҳафт соли зиндагӣ дар ин хонадон аз ҳама дарду алами ў огоҳ буд, вале ҳеҷ гоҳ хушдоманашро дар чунин ҳол надида буд.
Ба нею нестони хушдоман нигоҳ накарда, Санавбар ўро ба хона даровард ва худ аз қуттичаи доруҳо чун ҳамешагӣ, ду дона “Элениум”– ро барои ором кардани асаб ба ў дароз намуда:
– Ором шавед, аммаҷон, ором шавед, ҳамааш мегузарад, – гуфт.
Чун каме ба худ омад, аз келин хоҳиш кард, ки ҳамаи ҳуҷҷат ва албомҳоро ба наздаш биёрад…
Ў чунон ба хондан ва тамошои аксҳо машғул шуд, ки чи тавр торик шуданро нафаҳмид. Дар бойгонии хонавода ягон риштае, ки дар кушодани ин гиреҳ кумак кунад, пайдо нашуд…
– Ба куҷо равонед?– аз дарвоза баромадани ўро дида, пурсид келин.
– Ба хонаи мўйсафед.
– Чӣ, ягон зарурати дар ин бевақтӣ рафтанатон ҳаст?
– Бале.
– Каме сабр кунед, ҳозир дадаи Тўйчӣ меояд ва ҳамроҳатон меравад. Дар ҳамин гуфтугў буданд, ки автомашинаи “Москвич” назди дарвоза истод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо