Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, очаҷон, мебинам, ки дар ин бевақтӣ ба куҷое азми сафар доред?– аз мошин фаромада пурсид Ғаффор.
– Ба хонаи тағоят, – гуфт модар.
– Ман сари қадам даромадам, ҳама тинҷӣ. Тағом дар хона нест, ба тўйи кадом ҳамкорашон, ба Ҳисор рафтаанд.
– Ба тўй рафта бошад ҳам, хонаро бо худ набурдааст– ку?!
– Ғаффор дари пеши автомашинаро кушода, модарро ба нишастан даъват кард…
– “Архив”– и хонаи падар ҳам, ки ба бародар мерос монда буд, натиҷае надод…
... 12 …

Соати 0340 дақиқа садои занги телефон раиси Комитети Бехатарии Давлатӣ (КБД) генерал майор Ҷовидон Ҷобировро аз хоб бедор кард.
– Бале, – гўшакро бардошта гуфт генерал.
– Рафиқ генерал, дастгоҳҳои мавҷӣ аз соати 0315 дақиқа то соати 0333 дақиқа дар квадрати … шаҳри Д… додугирифти радиоиро бо нуқтаи дури номаълум, ки бо алифбои Морзе дода шуд, ба қайд гирифта. Ба квадрати мазкур гурўҳи фаврӣ бо автомашинаи махсуси мавҷӣ аз дақиқаҳои аввали додугирифти радио фиристода шуд. Матни радиоалоқа ҳоло ба дасти рамзнависҳо супорида шудааст ва акнун супориши минбаъдаи Шуморо интизорем, – хабар дод навбатдори комитет.
– Автомашинаро фиристед, ҳозир расида меоям, – гуфт генерал ва гўшакро ба ҷояш монд…
Вақте, ки генерал Ҷобиров ба идора омад, навбатдор аз рўйи қоидаи низомӣ дар даромадгоҳ аз вазъият бори дигар ба таври расмӣ гузориш дод.
Генерал хомўш ба ошёнаи дуюм баромада, вориди утоқи кориаш шуд. Навбатдор ҳам чун ҳамешагӣ генералро то утоқи кориаш гусел кард. Ҷобиров чароғро даргиронда, ба назди тиреза рафт ва онро кушод, шамоли серуне ба рўяш зад. Ў ба осмон нигарист. Дар осмон охирин ситораҳо аз дамидани субҳ мужда медоданд. Ҷобиров омада ба курсӣ нишаст ва ба подполковники навбатдор, ки ҳанўз дар пеши дар рост меистод, ишора кард.
– Хўш, аз гурўҳи фаврӣ ягон хабар ҳаст?

пешина
аз 408
навбатӣ